ШИНОСНОМАИ ИХТИСОСИ
доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисоси
6D050600-Иқтисодиёт (6D050606 - Иқтисодиёти минтақавӣ ва
ҳудудӣ)
(Бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “25” майи соли 2023, №6 тасдиқ шудааст.)


РАМЗИ ИХТИСОС: 6D050600 - Иқтисодиёт (6D050606 - Иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ)


I.    СОҲАИ ИЛМ, КИ АЗ РӮЙИ ОН ДАРАҶАҲОИ ИЛМӢ ДОДА МЕШАВАД: - Илмҳои иқтисодӣ

II.    ШАРҲИ ИХТИСОС:
 Муҳтавои таҳқиқоти ихтисоси 6D050606 – Иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудиро қонуниятҳо ва вижагиҳои амалкарди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун низоми минтақаҳои ҳамкорикунанда (минтақаҳои иқтисодӣ, ноҳияҳои калони иқтисодӣ, кластерҳои иқтисодӣ, агломератсияи шаҳрӣ ва дигар ташкилоти ҳудудии иқтисодӣ); тақсимоти оқилонаи ҳудудии захираҳои иқтисодӣ; тафриқабандӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ дар ҳудуди миллӣ; коркарди самтҳои ояндадори рушди иқтисодиёти минтақаҳои алоҳида ҳамчун унсурҳои сохтории иқтисодиёти миллӣ; сиёсати иқтисодии давлат дар сатҳи минтақаҳо ва механизмҳои амалисозии он ташкил медиҳанд.
Объекти таҳқиқот: низоми иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷанбаи ҳудудӣ ҳамчун шабакаи минтақаҳои ҳамкорикунанда, механизмҳои танзими рушди иқтисодию иҷтимоии ҳудудӣ дар сатҳи минтақавӣ ва маҳаллӣ; назарияи иқтисодиёти ҳудудӣ ва минтақавӣ, методҳои таҳқиқоти низомҳои ҳудудии иқтисодӣ ва ҳамкории мутақобилаи онҳо; инфрасохтори байниминтақавӣ ва минтақавии истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва ниҳодӣ; захираҳои табиию иқтисодӣ ва истифодаи самараноки онҳо.
III. СОҲАИ ТАҲҚИҚОТ:
1. Инкишофи назарияҳои иқтисодиёти ҳудудӣ ва минтақавӣ; методҳо ва фишангҳои таҳқиқоти иқтисодии ҳудудӣ; проблемаҳои андозагирии иқтисодии минтақавӣ; эконометрикаи ҳудудӣ; ташхиси системавии муаммоҳо ва ҳолатҳои минтақавӣ.
2. Тақсимоти ҳудудии захираҳои иқтисодӣ; ҷанбаҳои назариявӣ, методӣ ва амалии ҷойгиркунии корхонаҳо, фирмаҳои тиҷорати хурд ва миёна, кластерҳои иқтисодӣ, корхонаҳои бахши ҷамъиятӣ, хоҷагиҳои хонаводагӣ.
3. Ташкили ҳудудии иқтисодиёти миллӣ; ташаккулёбӣ, амалкард ва навсозии кластерҳои иқтисодӣ ва дигар низомҳои ҳудудию маҳаллии иқтисодӣ.
4. Проблемаҳои ноҳиябандии иҷтимоию иқтисодии мамлакат аз рӯйи меъёрҳои моддӣ ва ғайримоддӣ; ноҳиябандии минтақаҳо ва шаҳру ҳудудҳо аз рӯйи минтақаҳои хизматрасонӣ; мутобиқсозии тақсимоти маъмурию минтақавии кишвар ба шароити иқтисодиёти навин.
5. Шаклдигаркуниҳои ҳудудию иқтисодӣ; проблемаҳои ташаккулёбии ҳудуди ягонаи иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; тафриқабандии минтақавии иҷтимоию иқтисодӣ; ҳамгироии ҳудудӣ ва дезинтегратсияикишвар.
6. Иқтисодиёти ҳудудӣ. Вижагиҳои ҳудудии таъсисёбии низоми инноватсионии миллӣ. Проблемаҳои ташаккулёбии зернизомҳои инноватсионии минтақавӣ. Лоиҳаҳои инвеститсионии минтақавӣ: мақсад, объектҳо, захираҳо ва самаранокӣ.
7. Бозорҳои локалӣ (маҳаллӣ), ташаккулёбии онҳо, амалкард ва ҳамкорӣ; тиҷорати байниминтақавӣ. Назарияи ҷуғрофиёи нави иқтисодӣ.
8. Нақши омилҳои ниҳодӣ дар рушди низомҳои иқтисодии минтақавӣ. Вижагиҳои минтақавии шаклдигаркунии муносибатҳои моликиятдорӣ, таъсири онҳо ба сохтор ва самаранокии амалкард ва инкишофи низомҳои иқтисодии минтақавӣ.
9. Арзёбии нақши минтақа дар иқтисодиёти миллӣ (нишондиҳандаҳо, методҳо, методологияи таҳлил); махсусгардонии истеҳсолии минтақаҳо; ҷанбаи ҳудудии сохтори иқтисодӣ, қонуниятҳои шаклдигаркунии он; сиёсати сохторӣ ва азнавсозии сохторӣ.
10. Вижагиҳои минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодӣ; намудҳои минтақаҳо (рушдёфта ва депрессивӣ (буҳронӣ), донорҳо ва ретсипиентҳо, мономаҳсулотӣ ва диверсификатсияшуда, бо агломератсияҳои калони шаҳрӣ ва бе чунин таъсисёбиҳо ва ғ.), проблемаҳо методии таснифот ва тадқиқоти амалии хусусиятҳои тараққиёти намудҳои гуногуни минтақаҳо.
11. Фишангҳои муътадилгардонии ба қутбҳо ҷудошавии ҳудудҳо (трансфертҳои давлатӣ, фондҳои инвеститсионӣ, фондҳои дастгирии минтақавӣ, низоми андоз ва ғ.), самаранокии истифодаи онҳо. Проблемаҳои рушди устувору мутавозини минтақаҳо; мониторинги рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳо.
12. Фишангҳои коркарди дурнамои рушди низомҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҳудудӣ. Ояндабинӣ, форсайт, банақшагирии шохисӣ, банақшагирӣ, барномаҳо, банақшагирии буҷетии ба натиҷа нигаронида шуда, барномаҳои мақсаднок, нақшаҳои стратегӣ.
13. Сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат дар сатҳи минтақаҳо; таҳлили хусусиятҳо ва арзёбии самаранокии сиёсати иқтисодии давлат дар сатҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, минтақаҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва ҳудудҳо.
14. Идоракунии иқтисодиёти минтақавӣ. Шаклҳо ва механизмҳои ҳамкории мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои тиҷоратӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ. Вазифаҳо ва механизмҳои идоракунӣ. Асосноккунии методӣ ва коркарди схемаҳои ташкилӣ ва механизмҳои идоракунии иқтисодиёти минтақаҳо; арзёбии самаранокии онҳо.
15. Мақсадҳо ва механизмҳои сиёсати давлатии тараққиёти минтақаҳо. Шаклҳо ва механизмҳои баҳамтаъсиррасонии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҳалли масъалаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ. Прблемаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии худидоракунии маҳаллӣ.
16. Коркарди методологияи таҳлил ва методикаи арзёбии амалкарди сохторҳои корпоративӣ, тиҷорати хурду миёна, корхонаҳои бахши ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар минтақаҳо ва ноҳияҳои маъмурӣ. Проблемаҳои истифодабарии оқилонаи дороиҳои моддӣ ва ғайримоддии минтақаҳо – захираҳои табиӣ, пойгоҳи моддию техникӣ, сармояи инсонӣ ва ғ.
17. Муҳити махсуси иқтисодию ҳудудии рушди маҳаллӣ ва минтақавӣ. Минтақаҳои иқтисодӣ, марказҳои саноатӣ ва дигар “нуқтаҳои” ҳудудии рушди саноатӣ ва инноватсионӣ.
18. Ташкил ва арзёбии самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ноҳияҳои маъмурӣ; истифодаи чунин арзёбӣ дар низоми идоракунӣ ва назорати давлатӣ.
19. Самаранокии истифодаи омилҳои истеҳсолот дар рушди иқтисодиёти минтақавӣ. Қонуниятҳо ва хусусиятҳои ташкил ва идоракунии сохторҳои иқтисодӣ дар минтақаҳо. Бартариятҳои мутлақ ва нисбии кластерҳои иқтисодии минтақавӣ.
20. Инфрасохтори истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва бозорӣ дар минтақаҳо. Принсипҳо, вижагиҳо ва механизми ташкилию иқтисодии рушди соҳаҳои инфрасохторӣ дар минтақаҳо.
21. Вижагиҳои минтақавии амалисозии сиёсати буҷетию андозӣ. Инкишофи муносибатҳои пулию қарзӣ ва буҷетию андозӣ дар минтақаҳо (категория, методология, методҳо, механизмҳо ва фишангҳо).
22. Инкишофи бозори минтақавии меҳнат. Иқтидори меҳнатӣ дар минтақаҳо ва вижагиҳои идоракунии он. Муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар минтақаҳо. Вижагиҳои ҷойгиркунии минтақавии иқтидори меҳнатӣ.
23. Механизми ҳудудии инкишофи тиҷорати хурд ва соҳибкории хусусӣ дар мезосатҳ. Проблемаҳои баланд бардоштани самаранокии соҳибкории хурду миёна дар минтақаҳо. Стратегияи ташаккулёбӣ ва рушди низоми соҳибкорӣ дар бахшҳо ва соҳаҳои иқтисодиёти минтақавӣ.
24. Рушди комплекси агросаноатӣ дар минтақаҳо, вижагиҳои минтақавӣ ва ҳудудии рушди кишоварзӣ.
25. Таъминоти инвеститсионии минтақаҳо. Танзими инвеститсияҳо дар минтақаҳо. Лоиҳаҳои инвеститсионии ҳудудӣ. Муҳити сармоягузорӣ бо дарназардошти воҳидҳои минтақавию ҳудудӣ. Баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ ва самаранокии истифодаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар минтақаҳо.
IV. РАМЗ ВА НОМГӮЙИ ИХТИСОСҲОИ МУҶОВИР:
- 6D050601 - Назарияи умумии иқтисодӣ (иқтисоди сиёсӣ);
- 6D050901 - Молия, муомилоти пулӣ ва қарз;
- 6D050608 – Иқтисодиёти комплекси агросаноатӣ;
- 6D050605 - Методҳои математикӣ ва инструменталии иқтисодиёт;
- 6D051301 – Иқтисодиёти ҷаҳон;
- 6D050704 - Ташкил ва идоракунии корхонаҳо, низомҳо ва комплексҳо.

V. ҲУДУДГУЗОРӢ БО ИХТИСОСҲОИ МУҶОВИР
Дар тафовут аз ихтисоси 6D050601 таҳқиқот аз рӯйи ихтисоси 6D050606 ба омӯхтани вижагии амалкарди низоми иқтисодӣ дар самти макро, мезо ва микро бо дарназардошти ҷанбаҳои ҳудудию минтақавӣ, нигаронида шудааст.
Тафовут таҳқиқот аз рӯйи ихтисоси 6D050606 аз ихтисоси 6D050901 дар он мебошад, ки дар онҳо проблемаҳои танзими фаъолияти иқтисодӣ дар масъалаҳои маблағгузорӣ, муомилоти пулӣ ва қарзӣ, унсурҳои таркибии низоми ягонаи танзими иқтисодиёти миллӣ аст, ва он ба таври маҷмуӣ баррасӣ мегардад.
Дар тафовут аз ихтисоси 6D050608, ки муносибатҳои иқтисодӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ (КАС) ва соҳаҳои онро меомӯзад, таҳқиқоти аз рӯйи ихтисоси 6D050606 қонуниятҳо ва вижагиҳои амалкарди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун низоми минтақаҳои ҳамкорикунанда дарбар мегирад.
Дар тафовут аз ихтисоси 6D050605 таҳқиқот аз рӯйи ихтисоси 6D050606 коркарди нави методҳои математикӣ ва афзории омӯзиши иқтисодиро дар назар надорад, балки методҳои математикӣ ва афзории қаблан коркардашударо барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда истифода мебард, фаро мегирад.
Дар тафовут аз ихтисоси 6D051301 таҳқиқот аз рӯйи ихтисоси 6D050606 ҷанбаҳои фаъолияти иқтисодии хориҷиро аз нуқтаи назари арзёбии таъсири низоми иқтисодӣ ба самаранокии амалкарди иқтисодиёти миллӣ дар сатҳи минтақа баррасӣ мекунад.
Дар тафовут аз ихтисоси 6D050704 таҳқиқот аз рӯйи ихтисоси 6D050606 на самаранокии иқтисодии равандҳои технологии мушаххасро, балки ҷанбаҳои иқтисодиёт ва идоракунии фаъолияти иқтисодии субъектҳо дар сатҳи макро, мезо ва микроро меомӯзад.
VI. ҲУДУДГУЗОРӢ БО СОҲАҲОИ ИЛМҲОИ МУҶОВИР:
Таҳқиқоти бунёдӣ аз рӯйи ихтисоси 6D050606 - Иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ дар  чорчӯбаи ихтисосҳои соҳаи илмҳои иқтисодӣ гузаронида мешаванд.