ШИНОСНОМАИ  ИХТИСОСИ
доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рўйи ихтисоси
6D051100 – Маркетинг (6D051101 - Маркетинг)
(Бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2023, №6 тасдиқ шудааст.)

РАМЗИ ИХТИСОС: 6D051100 – Маркетинг (6D051101 - Маркетинг)

СОҲАИ ИЛМ, КИ АЗ РУЙИ ОН ДАРАҶАҲОИ ИЛМӢ ДОДА МЕШАВАНД: - Илмҳои иқтисодӣ
I.    ШАРҲИ ИХТИСОС:
Мӯҳтавои таҳқиқоти ихтисоси 6D051101 – аз назария ва амалияи маркетинг, таҳаввулоти консепсияи маркетинг, маркетинги бозори электронӣ, маркетинги стратегӣ ва инноватсионӣ. Комплекси маркетинг, пешниҳод ва талабот, бахшбандии (сегментатсияи) бозорҳо, мавқеъгузории маҳсулот ва ширкатҳо, муҳити маркетингии ташкилот иборат аст. Раванди коркард ва методҳои татбиқи стратегияи маркетингӣ, рақобатпазирӣ ва рақобат, методҳо ва шаклҳои маркетинг - менеҷмент дар ташкилотҳо дар шароити воқеияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳонишавии бозорҳо ташкил медиҳанд.
Объекти таҳқиқот: аз муносибатҳои иқтисодӣ дар бобати ташкили маркетинг дар соҳаю риштаҳои иқтисодиёти миллӣ, ки бо истеҳсол ва фурўши маҳсулот барои қонеъ гардонидани талабот ба молҳсулотӣ моддӣ (молҳо) ва маҳсулоти ғайримоддӣ (хизматрасониҳо, маҳсулоти зеҳнӣ ва маҷозӣ) машғуланд.

III. СОҲАИ ТАҲҚИҚОТ:
1.    Ақидаҳои назариявӣ ба табиат ва моҳияти маркетинг, асосҳои ташаккул ва рушди он дар мамлакатҳои дорои иқтисодиёти бозорӣ.
2.    Дастгоҳи мафҳумҳои методологии маркетинг. Таҳаввули консепсияи маркетинг. Консепсияи муосири маркетинги иҷтимоӣ.
3.    Асосҳои назариявию методологии таҳқиқоти маркетингӣ. Методҳои коркарди проблемаҳои идоракунии маркетинг. Технологияҳои муосири гузаронидани таҳқиқоти маркетингии бозорҳои молу хизматрасониҳо.
4.    Таҳқиқи тамоюлу қонуниятҳои инкишофи талабот ва пешниҳодот дар бозорҳои миллӣ ва минтақавӣ. Эҳтиёҷот ва талабот – категорияҳои маркетинг.
5.    Таҷрибаи хориҷии ташкили маркетинг ва истифодаи он дар ширкатҳои саноатию савдои ватанӣ.
6.    Принсипҳои ташкили маркетинги молу хизматрасониҳо. Маркетинги ҳудуд: вилоят, шаҳр, ноҳия.
7.    Низомҳои муосири маркетингӣ. Ташаккул ва рушди низомҳои ҳамгирои иттилоотии маркетингӣ.
8.    Маркетинги бевосита. Воситаҳои муосири фаъолияти маркетингӣ. Телемаркетинг, фурўш аз рўи феҳристҳо ва ғайра.
9.    Моҳият, сохтор ва вижагиҳои фарқкунандаи хадамоти маркетингӣ, принсипҳои таъсис ва амалкард.
10.    Вижагиҳои ташкили маркетинги байналмилалӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ. Маркетинги молу хизматрасониҳои содиротӣ ва воридотӣ.
11.    Принсипи ташкили пурсиши харидорони молҳои ширкат. Тартиби асосноккунӣ ва қабули қарорҳои маркетингӣ дар бораи ҳаҷм ва навъи истеҳсоли мол. Методҳои арзёбии экспертии вазъи бозор.
12.    Раванди коркарди нақшаи ҷорӣ ва стратегии маркетинг. Мониторинг ва бенчмаркинг. Механизми коркарди барномаҳои маркетингӣ, методҳои қабул ва амалигардонии онҳо.
13.    Муҳити хориҷӣ ва дохилии маркетингии ташкилот. Омил ва тамоюлҳои рушди муҳити фаъолияти маркетингӣ, ҷустуҷўи ҷойҳои холӣ дар бозор ва бахшбандиҳои мақсаднок.
14.    Раванди коркард ва методҳои татбиқи стратегияи фаъолияти маркетингӣ. Стратегияи густариши сарҳадҳои бозор ва стратегияи диверсификатсия.
15.    Арзёбии рақибон ва истеъмолгарон, истифодаи он дар раванди такмилдиҳии фаъолияти маркетингии ташкилот.
16.    Омилҳои муайянкунандаи рафтори истеъмолӣ. Арзёбии «қуттии сиёҳ» ва истифодаи он ҳангоми ташаккули қарорҳои маркетингӣ. «Аҳром»-и Маслоу.
17.    Бунёди каналҳои тақсими маҳсулот ва арзёбии маркетингии самаранокии ҳаракати мол.
18.    Асосҳои маркетингии баланд бардоштани рақобатпазирии молҳо/ташкилот, стратегия ва тактикаи пешбурди муборизаи рақобатӣ. Рақобати нархӣ/ғайринархӣ дар бозори молу хизмат.
19.    Коркарди комплекси иртибототии маркетингӣ. Барномаи интернет-пешбурди маҳсулот, ташкилот, тамғаҳо ва брендинг. Ташаккули низоми фурўши шахсӣ.
20.    Асосҳои методии ташкили маъракаҳои рекламавии маҳсулот/ташкилот ва ташаккули имиҷи ташкилот. Намудҳои реклама.
21.    Маркетинг дар шабакаҳои тақсимотӣ-дистрибютерӣ ва дилерии фурўши маҳсулот. Идоракунии маркетингии амалиёти яклухтфурўшӣ ва чаканафурўшӣ.
22.    Нақш ва мавқеи кадрҳои маркетолог дар такмили низоми идоракунии корхона.
23.    Самтҳо ва шаклҳои ташкили маркетинг ва мутобиқатии онҳо ба шароити тағйирёбандаи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
24.    Фаъолияти маркетингии бонкҳои тиҷоратӣ. Маркетинги бонкӣ.

IV. РАМЗ ВА НОМГЎИ ИХТИСОСҲОИ МУҶОВИР:
6D050700 - Менеҷмент;
6D050612 – Савдо, хизматрасониҳои тиҷоратӣ ва маишӣ;
6D050611 - Хизматрасонӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва иҷтимоиёт;
6D052002 - Иқтисодиёти соҳибкорӣ;

V. ҲУДУДГУЗОРӢ БО ИХТИСОСҲОИ МУҶОВИР
Ихтисоси 6D050700 - Менеҷмент аз ихтисоси 6D051101 - Маркетинг бо он фарқ мекунад, ки ошкорсозӣ, таҳлил ва ҳалли проблемаҳои ташаккул ва инкишофи назария ва амалияи идоракунии ташкилот ҳамчун низомҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бо мақсади кашфи робитаҳои устувор ва қонуниятҳое, ки табиат ва муҳтавои ҳамин проблемаҳо, мантиқ ва механизми ҳалли онҳоро муайян мекунанд. Аз ҷумла, таҳқиқи тамоюлот ва қонуниятҳо дар соҳаи менеҷменти умумӣ ва стратегӣ, менеҷменти инноватсионӣ, идоракунии ҳайати шахсӣ, системаҳои муосири истеҳсолиро баррасӣ менамояд.
Аз ихтисоси 6D050612 – Савдо, хизматрасониҳои тиҷоратӣ ва маишӣ ихтисоси 6D051101 - Маркетинг бо он фарқ мекунад, ки муносибатҳои иқтисодӣ оид ба амалкарди тиҷорат ҳамчун соҳаи вижаи иқтисодиёт ва шаклҳои ташкили мубодилаи мол, қонуниятҳо ва проблемаҳои инкишофи он омӯхта мешавад.
Ихтисоси 6D050611 - Хизматрасонӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва иҷтимоиёт аз ихтисоси 6D051101 - Маркетинг бо он фарқ мекунад, ки тамоюлоти рушди соҳаи хизмарасонӣ, идоракунии соҳаи хизматрасонӣ; муайян кардани шаклҳои илман асосноки ташкилию иқтисодии фаъолият, механизмҳои хоҷагидории ташкилот ва бахшҳои соҳаи хизматрасонӣ шомил мешавад.
Аз ихтисоси 6D052002 - Иқтисодиёти соҳибкорӣ аз ихтисоси 6D051101 - Маркетинг бо он фарқ мекунад, ки муносибатҳои иқтисодӣ, ки дар заминаи инноватсионӣ ва таваккал бо мақсади ба даст овардани даромади соҳибкорӣ пайдо мешаванд; назарияи ташаккул, қонуниятҳо ва тамоюли рушд, шаклҳо, методҳо, механизмҳо, шароити амалкарди соҳибкорӣ ҳамчун муҳимтарин захира ва сарчашмаи рушди иқтисодиёт баррасӣ карда мешавад

VI. ҲУДУДГУЗОРӢ БО СОҲАҲОИ ИЛМҲОИ МУҶОВИР:
Таҳқиқоти бунёдӣ аз рўйи ихтисоси 6D051101 - Маркетинг дар доираи ихтисосҳои соҳаи илмҳои иқтисодӣ гузаронида мешаванд.