ШИНОСНОМАИ ИХТИСОСИ
08.00.10 – Менеҷмент, маркетинг ва нархгузорӣ (маркетинг)
(Бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2023, №6 тасдиқ шудааст.)
РАМЗИ ИХТИСОС: 08.00.10 - Менеҷмент, маркетинг ва нархгузорӣ (маркетинг)
I. СОҲАИ ИЛМ, КИ АЗ РУЙИ ОН ДАРАҶАҲОИ ИЛМӢ ДОДА МЕШАВАД: - Илмҳои иқтисодӣ
II. ШАРҲИ ИХТИСОС
Мӯҳтавои таҳқиқоти ихтисоси 08.00.10 – Менеҷмент, маркетинг ва нархгузориро назария ва амалияи маркетинг, таҳаввулоти консепсияи маркетинг, маркетинги бозори электронӣ; маркетинги стратегӣ ва инноватсионӣ; комплекси маркетинг, талабот ва пешниҳод, бахшбандии (сегментатсияи) бозорҳо, мавқеъгузории маҳсулот ва ширкатҳо, муҳити маркетингии ташкилот; раванди коркард ва методҳои татбиқи стратегияи маркетингӣ, рақобатпазирӣ ва рақобат, методҳо ва шаклҳои маркетинг - менеҷмент дар ташкилотҳо дар шароити воқеияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳонишавии бозорҳо ташкил медиҳанд.
Объекти таҳқиқот. муносибатҳои иқтисодӣ дар бобати ташкили маркетинг дар соҳаҳо ва риштаҳои иқтисодиёти миллӣ, ки бо истеҳсол ва фурўши маҳсулот барои қонеъ гардонидани талабот ба молҳои моддӣ (молҳо) ва маҳсулоти ғайримоддӣ (хизматрасониҳо, маҳсулоти зеҳнӣ ва маҷозӣ) машғуланд.
III. СОҲАҲОИ ТАҲҚИҚОТ
1. Ақидаҳои назариявӣ нисбат ба табиат ва моҳияти маркетинг, асосҳои ташаккул ва рушди он дар кишварҳои дорои иқтисодиёти навъи бозорӣ.
2. Дастгоҳи мафҳумии методологии маркетинг. Таҳаввули консепсияи маркетинг. Консепсияи муосири маркетинги иҷтимоӣ.
3. Асосҳои назариявӣ методологии таҳқиқоти маркетингӣ. Методҳои коркарди проблемаҳои идоракунии маркетинг. Технологияҳои муосири гузаронидани таҳқиқоти маркетингии бозорҳои молу хизматрасониҳо.
4. Таҳқиқи тамоюлу қонуниятҳои инкишофи талабот ва пешниҳодот дар бозорҳои миллӣ ва минтақавӣ. Эҳтиёҷот ва талабот – категорияҳои маркетинг.
5. Таҷрибаи кишварҳои хориҷи оид ба ташкили маркетинг ва истифодаи он дар ширкатҳои саноатию тиҷоратии ватанӣ.
6. Принсипҳои ташкили маркетинги молу хизматрасониҳо. Маркетинги ҳудуд: вилоят, шаҳр, ноҳия.
7. Низомҳои муосири маркетингӣ. Ташаккул ва рушди низомҳои ҳамгирои иттилоотии маркетингӣ. Сарчашмаҳои иттилооти маркетингӣ.
8. Маркетинги бевосита. Воситаҳои муосири фаъолияти маркетингӣ. Телемаркетинг, фурўш аз рўйи феҳристҳо ва ғайра.
9. Моҳият, сохтор ва вижагиҳои фарқкунандаи хадамоти маркетингӣ, принсипҳои таъсис ва фаъолият.
10. Вижагиҳои ташкили маркетинги байналмилалӣ дар шароити ҷахонишавӣ ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ. Маркетинги молу хизматрасониҳои содиротӣ ва воридотӣ.
11. Принсипи ташкили пурсиши харидорони молҳои фирма. Тартиби асосноккунӣ ва қабули қарорҳои маркетингӣ дар бораи ҳаҷм ва навъи истеҳсоли мол. Методҳои арзёбии экспертии вазъи бозор.
12. Раванди коркарди нақшаи ҷорӣ ва стратегии маркетинг. Мониторинг ва бенчмаркинг. Механизми коркарди барномаҳои маркетингӣ, методҳои қабул ва амалигардонии онҳо.
13. Муҳити хориҷӣ ва дохилии маркетингии ташкилот. Омилҳо тамоюлҳои рушди муҳити фаъолияти маркетингӣ, ҷустуҷўи ҷойҳои холӣ дар бозор ва бахшбандиҳои мақсаднок.
14. Раванди коркард ва методҳои татбиқи стратегияи фаъолияти маркетингӣ. Стратегияи густариши сарҳадҳои бозор ва стратегияи диверсификатсия.
15. Арзёбии рақибон ва истеъмолгарон, истифодаи он дар раванди такомули фаъолияти маркетингии ташкилот.
16. Омилҳои муайянкунандаи рафтори истеъмолӣ. Арзёбии «қуттии сиёҳ» ва истифодаи он ҳангоми ташаккули қарорҳои маркетингӣ. «Аҳром»-и Маслоу.
17. Бунёди каналҳои тақсими маҳсулот ва арзёбии маркетингии самаранокии ҳаракати мол.
18. Асосҳои маркетингии баланд бардоштани рақобатпазирии молҳо/ташкилот, стратегия ва тактикаи пешбурди муборизаи рақобатӣ. Рақобати нархӣ/ғайринархӣ дар бозори молу хизмат.
19. Коркарди комплекси иртибототи маркетингӣ. Барномаи интернет-пешбурди маҳсулот, ташкилот, тамғаҳо ва брендинг. Ташаккули низоми фурўши шахсӣ.
20. Асосҳои методии ташкили маъракаҳои рекламавии маҳсулот/ташкилот ва ташаккули имиҷи ташкилот. Намудҳои реклама.
21. Маркетинг дар шабакаҳои тақсимотӣ (дистрибютерӣ) ва дилерии фурўши маҳсулот. Идоракунии маркетингии амалиёти яклухтфурўшӣ ва чаканафурўшӣ.
22. Нақш ва мавқеи кадрҳои маркетолог дар такмили низоми идоракунии корхона.
23. Самтҳо ва шаклҳои ташкили маркетинг ва мутобиқатии онҳо ба шароити тағйирёбандаи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
24. Фаъолияти маркетингии бонкҳои тиҷоратӣ. Маркетинги бонкӣ.
IV. РАМЗ ВА НОМГЎИ ИХТИСОСҲОИ МУҶОВИР:
- 08.00.05.01 - Савдо, хизматрасониҳои тиҷоратӣ ва маишӣ;
- 08.00.05. – Иқтисодиёти соҳаҳои хизматрасонӣ;
- 08.00.06.06 - Иқтисодиёти соҳибкорӣ;
V. ҲУДУДГУЗОРӢ БО ИХТИСОСҲОИ МУҶОВИР
Аз ихтисоси 08.00.05.01 - Савдо, хизматрасониҳои тиҷоратӣ ва маишӣ аз ихтисоси 08.00.10 – Менҷмент, маркетинг ва нархгузорӣ бо он фарқ мекунад, ки муносибатҳои иқтисодӣ оид ба амалиёти тиҷорат ҳамчун соҳаи вижаи иқтисодиёт ва шаклҳои ташкили мубодилаи мол, қонуниятҳо ва проблемаҳои инкишофи он омӯхта мешавад.
Аз ихтисоси 08.00.05.01 - Иқтисодиёти соҳаҳои хизматрасонӣ аз ихтисоси 08.00.10 - Менҷмент, маркетинг ва нархгузорӣ бо он фарқ мекунад, ки тамоюлоти рушди соҳаи хизмарасонӣ, идоракунии соҳаи хизматрасонӣ; муайян кардани шаклхои илман асосноки ташкилӣ-иқтисодии фаъолият, механизмҳои хоҷагидории ташкилот ва бахшҳои соҳаи хизматрасонӣ шомил мешавад.
Аз ихтисоси 08.00.06.06 - Иқтисодиёти соҳибкорӣ аз ихтисоси 08.00.10 - Менҷмент, маркетинг ва нархгузорӣ бо он фарқ мекунад, ки муосибатҳои иқтисодӣ, ки дар заминаи инноватсионӣ ва таваккал бо мақсади ба даст овардани даромади соҳибкорӣ пайдо мешаванд; назарияи ташаккул, қонуниятҳо ва тамоюли рушд, шаклҳо, методҳо, механизмҳо, шароити амалкарди соҳибкорӣ ҳамчун муҳимтарин захира ва сарчашмаи рушди иқтисодиёт бараасӣ карда мешавад
VI. ҲУДУДГУЗОРӢ БО СОҲАҲОИ ИЛМҲОИ МУҶОВИР:
Таҳқиқоти бунёдӣ аз рўйи ихтисоси 08.00.10 – Менеҷмент, маркетинг и нархгузорӣ дар чорчӯбаи ихтисосҳои соҳаи илмҳои иқтисодӣ гузаронида мешаванд.