ШИНОСНОМАҲОИ ИХТИСОСҲОИ СОҲАИ ИЛМҲОИ ҲУҚУҚШИНОСӢ
ПАСПОРТА СПЕЦИАЛЬНОСТЕЙ ОТРАСЛИ ЮРИДИЧЕСКИЕ НАУКИ

Шиносномаи ихтисоси доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисоси 6D030100 - Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат (Бо қарори Раёсати комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “30” январи соли 2025, №2 тасдиқ шудааст).

Рамзи ихтисос: 6D030100 - Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат

I. СОҲАИ ИЛМ, КИ АЗ РӮЙИ ОН ДАРАҶАҲОИ ИЛМӢ ДОДА МЕШАВАНД: 6D030100 - Ҳуқуқшиносӣ

II. ФОРМУЛАИ ИХТИСОС: Муҳтавои ихтисоси 6D030101 – «Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат» фан ва методи назарияи давлат ва ҳуқуқ, таърихи давлат ва ҳуқуқ, таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат, таҳқиқи методологии дарки назариявӣ ва таърихии давлат ва ҳуқуқ, таълимот оид ба давлат ва ҳуқуқро дар бар мегирад.
Объекти таҳқиқ: объекти таҳқиқоти илмиро проблемаҳо, мақулаҳо (категорияҳо), мафҳумҳо, фарзияҳо, ақидаҳо, назарияҳои хусусии илмӣ, ки сатҳи муосири донишҳоро роҷеъ ба қонуниятҳои умумии пайдоиш, инкишоф ва амали ҳуқуқ ва давлат инъикос менамоянд, ҳамчунин назарияҳои  пайдоиш ва инкишофи таърихии давлат ва ҳуқуқ, ҳокимияти давлатӣ, мафҳум, моҳият, вазифаҳо, функсияҳо, шаклҳои давлат, мафҳум, моҳият, сарчашмаҳо, функсияҳои ҳуқуқ, системаи ҳуқуқ, системаи қонунгузорӣ, системаи ҳуқуқӣ, амалисозӣ, татбиқ, тафсири  ҳуқуқ, муносибатҳои ҳуқуқӣ, ҳуқуқэҷодкунӣ ва татбиқи ҳуқуқ, ҳуқуқвайронкунӣ, ҷавобгарии ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, оилаҳои ҳуқуқӣ, сиёсати ҳуқуқӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд.
Методи таҳқиқоти илмиро системаи усул (принсипҳо), воситаҳо ва тарзҳои дарки фалсафӣ, умумиилмӣ ва махсуси ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд, ки таҳқиқи объективӣ, таърихӣ ва муқоисавии давлат  ва ҳуқуқро таъмин менамоянд. Онҳо аз ҷумла усули (принсипҳои) зерини таҳқиқоти илмиро дар  назар доранд: инкишофи мавзуи таҳқиқ, таърифи мантиқӣ, мушахассии  таърихӣ ва робитаи диалектикии байни тарзҳои дарки мантиқӣ ва таърихӣ, таҳқиқи  системавӣ ва ҳаматарафа. Ҳамчунин истифодаи тарзҳо ва методҳои таҳқиқи шаклии меъёрӣ, системавӣ, функсионалӣ, мантиқӣ, таърихӣ-ҳуқуқӣ, таҳлил ва таркиб, амсиласозии назариявӣ, таҳлили фарҳангӣ-таърихӣ, муқоисавӣ-ҳуқуқӣ, оморӣ, сотсиологӣ, тавсифи ҳуқуқӣ ва методҳои дигари таҳқиқи илмҳои муосири иҷтимоӣ-гуманитарӣ дар назар дошта мешавад.

III. СОҲАИ ТАҲҚИҚОТ:
1.1. Мавзуъ ва объекти назарияи давлат ва ҳуқуқ. Асосҳои методологии таҳқиқи назариявии давлат ва ҳуқуқ. Мавқеи назарияи давлат ва ҳуқуқ дар системаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва робитаи он бо  илмҳои дигари иҷтимоӣ-гуманитарӣ. Инкишофи қисмҳои таркибии назарияи давлат ва ҳуқуқ: назарияи позитивии ҳуқуқ, фалсафаи ҳуқуқ, низоъшиносии ҳуқуқӣ, ҳуқуқшиносии сотсиологӣ, ҳуқуқшиносии муқоисавӣ ва давлатшиносии муқоисавӣ. Вазифаҳо ва аҳамияти омўзиши назарияи давлат ва ҳуқуқ.
1.2. Пайдоиши ҳуқуқ. Назарияҳои пайдоиши ҳуқуқ. Одат ва одати  ҳуқуқӣ. Раванди пайдоиши ҳуқуқ дар манотиқи гуногуни ҷаҳон.
1.3. Мафҳум ва моҳияти ҳуқуқ. Фаҳмиши ҳуқуқ бо дарназардошти гуногунии методҳои таҳқиқоти илмӣ. Назарияҳои фаҳмиши  ҳуқуқ (позитивӣ, фитрӣ-ҳуқуқӣ, сотсиологӣ ва ғайра).
Усули (принсипҳои) ҳуқуқ. Нақши иҷтимоӣ ва функсияҳои ҳуқуқ.
1.4. Ҳуқуқ дар низоми танзими иҷтимоӣ-меъёрӣ. Низоми меъёрҳои иҷтимоӣ, техникӣ, экологӣ. Меъёрҳои техникӣ-ҳуқуқӣ. Таносуб ва робитаи ҳуқуқ бо дигар меъёрҳои иҷтимоӣ.
1.5. Навъҳои таърихии ҳуқуқ ва низомҳои ҳуқуқӣ. Оилаҳои ҳуқуқӣ ва таснифи онҳо.
1.6. Шаклҳои (сарчашмаҳои) ҳуқуқ. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ. Амали судӣ. Амалияи судӣ. Шартномаи меъёрӣ. Одати ҳуқуқӣ. Назарияи илмӣ-ҳуқуқӣ. Сарчашмаҳои ҳуқуқи динӣ. Усули (принсипҳои) ҳуқуқ.
1.7. Ташаккули ҳуқуқ. Ҳуқуқэҷодкунӣ. Ҷараёни қонунэҷодкунӣ.
1.8. Техникаи ҳуқуқӣ: мафҳум, намудҳо ва аҳамияти он.
Техникаи қонунгузорӣ. Техникаи татбиқи ҳуқуқ. Техникаи мураттабсозии ҳуқуқӣ. Техникаи тафсири ҳуқуқ. Технологияи ҳуқуқӣ.
1.9. Системаи қонунгузорӣ. Мафҳум ва намудҳои мураттабсозии қонунгузорӣ. Мафҳум ва аҳамияти кодификатсия.
1.10. Системаи ҳуқуқӣ. Унсурҳои системаи ҳуқуқӣ. Ҳаёти ҳуқуқӣ.
1.11. Системаи ҳуқуқ. Соҳаҳо, зерсоҳаҳо ва ниҳодҳои ҳуқуқ. Системаи ҳуқуқ ва системаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ. Тамоюлҳои инкишофи системаи ҳуқуқ.
1.12. Танзими ҳуқуқӣ. Механизми танзими  ҳуқуқӣ. Механизми танзими иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ. Мавзўъ ва методи танзими ҳуқуқӣ.
1.13. Мафҳум ва нишонаҳои меъёрҳои ҳуқуқ. Намудҳои меъёрҳои ҳуқуқ. Сохти меъёри ҳуқуқ. Меъёри ҳуқуқ ва моддаи санади меъёрии ҳуқуқӣ.
1.14. Мафҳум, хусусиятҳо, намудҳо ва сохти муносибатҳои ҳуқуқӣ. Субъектони муносбатҳои ҳуқуқӣ. Объекти муносибатҳои ҳуқуқӣ. Муҳтавои муносибатҳои ҳуқуқи. Далелҳои ҳуқуқӣ.
1.15. Амалисозӣ ва татбиқи ҳуқуқ. Шаклҳои амалисозии ҳуқуқ. Табиқи ҳуқуқ. Санадҳои татбиқи ҳуқуқ. Нуқсонҳо ва ихтилофот дар ҳуқуқ. Роҳҳои бартараф намудани нуқсонҳои ҳуқуқва ҳалли ихтилофоти ҳуқуқӣ. Қиёси қонун ва қиёси ҳуқуқ.
1.16. Тафсири ҳуқуқ. Тарзҳои тафсири ҳуқуқ. Намудҳои тафсири ҳуқуқ. Санадҳои тафсири ҳуқуқ.
1.17. Қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ. Усул (принсипҳо), кафолатҳо ва ҳифзи қонуният. Таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ.
1.18. Амали ҳуқуқӣ. Мафҳум, аломатҳо, намудҳо, функсияҳо, асосҳо ва сохти ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ.
1.19. Шуури ҳуқуқӣ. Фарҳанги ҳуқуқӣ. Тарбияи ҳуқуқӣ.
1.20. Мафҳум, аломатҳо ва моҳияти давлат. Дидгоҳҳо ва назарияҳо оид ба мафҳуми давлат.
1.21. Пайдоиши давлат. Хусусиятҳои пайдоиши давлат дар манотиқи гуногуни ҷахон. Назарияҳои анъанавӣ ва нави пайдоиши давлат. Навъҳои таърихии давлат. Назарияҳои  форматсионӣ, тамаддунӣ ва дигари навъбандии давлат.
1.22. Шаклҳои давлат. Шаклҳои идоракунӣ. Шаклҳои сохти давлатӣ. Режими сиёсӣ (давлатӣ).
1.23. Давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ. Мафҳум, аломатҳо ва унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ. Робитаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ.
1.24. Давлат ва низоми сиёсии ҷомеа. Мафҳум, аломатҳо ва намудҳои низоми сиёсии ҷомеа. Робитаи давлат бо унсурҳои низоми сиёсӣ.
1.25. Давлат ва шахсият. Вазъи ҳуқуқии шахс. Ҳуқуқҳо  ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд.
1.26. Дастгоҳи давлат. Ҳокимияти давлатӣ. Мақоми давлатӣ. Намудҳои мақомоти давлат. Механизми давлат.
1.27. Функсияҳои давлат. Намудҳои функсияҳои давлат. Шаклҳо ва усулҳои амалисозии функсияҳои давлат.
1.28. Мафҳум, аломатҳо ва унсурҳои давлати ҳуқуқбунёд.
Мафҳум ва аломатҳои давлати иҷтимоӣ.
1.29. Сиёсати ҳуқуқӣ. Ҳадафҳо, афзалиятҳо, усули (принсипҳои) сиёсати ҳуқуқӣ. Намудҳои сиёсати ҳуқуқӣ. Шаклҳои амалӣ намудани сиёсати ҳуқуқӣ.
2. Таърихи ҳуқуқ ва давлат
2.1. Мавзўъ ва методи таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон. Асосҳои методологии таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон. Мавқеи таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон дар низоми илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва иҷтимоӣ. Проблемаҳои даврабандии инкишофи таърихии давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон.
2.2. Давлатҳои Осиёи Миёна дар ҳайати Шоҳаншоҳии (императории) Ҳахоманишиҳо. Сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ. Ислоҳоти Дорои Бузург. Системаи ҳуқуқӣ. Авесто. Оинҳо, одатҳо, суннатҳои маҳаллӣ, қонун, фармони шоҳ. Суд (додгоҳ).
2.3. Ташаккули давлати Мақдунӣ ва идоракуниии Осиёи Миёна дар  асри  III пеш аз  мелод. Ташкили  идоракунии давлатӣ.
2.4. Давлат ва ҳуқуқ дар сарзамини тоҷикон дар замони ҳукмронии Селевкиён, Юнону Бохтариён ва Портҳо. Сохтори давлатӣ. Табақаҳои  иҷтимоӣ. Сохтори маъмурӣ. Давлати куҳани Фарғона - Давон.
2.5. Давлат ва ҳуқуқи тоҷикон дар ҳайати давлати Сосониён ва Ҳайтолиён. Сохти давлатӣ. Давлати Ҳайтолиён (Тахористон) -аввалин давлати  феодалӣ  дар  ҳудуди  Тоҷикистони  муосир. Қонунномаи Ишобохт ва Қонунномаи Сосониён. Ҳуқуқи оилавӣ, моликият ва уҳдадорӣ.
2.6. Давлат ва ҳуқуқи тоҷикон дар асрҳои VII - VIII . Падид омадани Хоқонати турк. Сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ.
Сарчашмаҳои асосии ҳуқуқ дар Тахористон, Суғд ва Уструшана. Ҳуқуқи оилавӣ, моликият ва уҳдадорӣ.
2.7. Сарзамини Осиёи Миёна дар ҳайати Хилофати араб.
Сохтори давлатӣ ва шакли идораи хилофат дар аҳди Умавиён (661 -750). Қуръон, суннат (ҳадисҳо), иҷмоъ, қиёс чун сарчашмаи ҳуқуқии ислом.
2.8. Ташкили давлатҳои миллӣ-маҳаллии тоҷикон дар Хуросону
Мовароуннаҳр: Тоҳириён,  Саффориён ва Сомониён (асрҳои  IX -  X). Сомониён - нахустин давлати мутамаркази тоҷикон. Давлат ва ҳуқуқ дар ахди Сомониён.
2.9. Ташаккули низоми ҳуқуқии ислом. Мактабҳои ҳуқуқӣ дар ислом. Шариат ва фиқҳ. Ҳанафия - мактаби асосии мазҳаби суннии ҳуқуқи ислом.
2.10. Сохтори давлатӣ ва иҷтимоии Варорўду Хуросон дар асрҳои ХI -ХIII . Давлатҳои Қарохониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён,
Ғуриён ва Хоразмшоҳиён. Инкишофи давлати Ғазнавиҳо, Чағониён, Хатлон ва Қубодиён дар ҳайати давлати Ғазнавиён. Сохтори давлатӣ, иҷтимоӣ ва сарчашмаҳои ҳуқуқ.
2.11. Давлат ва ҳуқуқи сарзамини тоҷикон дар замони ҳукмронии муғулҳо. Пойдоршавии давлатдории Чингизхон. Системаи ҳуқуқии давлати муғулҳо. Биликҳои Чингизхон ва фармонҳои хонҳо. Ясо. Системаи судии муғулҳо.
2.12. Сохтори давлатӣ, табақаҳои иҷтимоӣ ва сарчашмаҳои ҳуқуқи давлати Темуриён (асри XIV-XV). Ниҳоди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Варорўд дар поёни садаи ХIII ва оғози садаи XIV. Сохтори давлатӣ. Тузукҳо ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ.
2.13. Ташкили хонигариҳо дар асрҳои XVI-XIX. Сохтори давлатӣ, ҷамъиятӣ ва системаи ҳукуқӣ. Аморати Бухоро.
Хонигариҳои Хева (XVI) ва Қўқанд (XVII). Шоҳигариҳои Кўлоб, Дарвоз, Қаротегин. Шайбониҳо.
Низоми ҳуқуқӣ: ҳуқуқи исломӣ ва одатӣ. Инкишофи ҳуқуқи исломии оилавӣ, гражданӣ, ҷиноятӣ, ашё, шартномаҳо, уҳдадориҳо.
2.14. Сохтори давлатӣ ва иҷтимоии тоҷикон дар давраи протекторати Русия. Генерал-губернатории Туркистон. Сохтори давлатӣ. Системаи судӣ. Сохтори давлатӣ ва иҷтимоии Аморати Бухоро. Системаи ҳуқуқӣ. Ҳуқуқи императорӣ.
2.15. Инқилоби Октябр ва бунёди Ҳокимияти Шўравӣ дар Тоҷикистони Шимолӣ. Таъсиси падидаҳои нави давлатӣ ва ҳуқуқӣ. Инқилоби сентябрии Бухоро ва таъсиси ҶХШБ. Сохтори нави давлатӣ. Системаи ҳуқуқӣ. Конститутсияҳои Туркистон ва Бухоро.
Ислоҳоти ҳуқуқӣ.
2.16. Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон. Сохти давлатӣ ва ҷамъиятӣ. Инкишофи системаи ҳуқуқӣ.
Сарчашмаҳои ҳуқуқи ҶМШС Тоҷикистон. Инкишофи конститутсионӣ. Соҳаҳои ҳуқуқи Тоҷикистон.
2.17. Таъсис ва инкишофи Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии
Тоҷикистон. Сохти давлатӣ ва иҷтимоӣ. Инкишофи системаи ҳуқуқ. Соҳаҳо ва сарчашмаҳои ҳуқуқ. Инкишофи қонунгузории давлатӣ, маъмурӣ, молиявӣ, ҷиноятӣ, меҳнатӣ, колхозӣ ва судӣ.
Инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ дар Тоҷикистон.
2.18. Давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон дар давраи сохтмони давлати сотсиалистии умумихалқӣ (1977-1985). Конститутсияи Тоҷикистон соли 1978. Инкишофи низоми ҳуқуқ ва қонунгузорӣ.
2.19. Давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон дар давраи бозсозии сотсиалистӣ. Пошхўрии ИҶШС. Табдили номи ҶШС Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2.20. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон. Ташаккули давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона дар Тоҷикистон. Инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ. Инкишофи системаи нави  ҳуқуқии миллӣ. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 ва такмили минбаъдаи он. Инкишофи сарчашмаҳо ва соҳаҳои ҳуқуқ. Низоми нави қонунгузорӣ.
2.21. Мавзуъ ва методи таърихи давлат ва ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ. Асосҳои методологии таҳқиқи таърихии давлат ва ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ. Мавқеи таърихи давлат ва ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ дар системаи низоми илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва иҷтимоӣ.
2.22. Давлат ва ҳуқуқи Дунёи қадим. Сохти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва системаи ҳуқуқ дар Мисри қадим, Бобулистони қадим, Ҳинди бостон, Чини қадим, Юнони бостон, Рими қадим.
2.23. Давлат ва ҳуқуқи Ҳиндустон, Хитой, Византия, Хилофати араб, франкҳо, Фаронса, Инглистон, Олмон, Русия дар асрҳои миёна.
2.24. Давлат ва ҳуқуқи Ҳиндустон, Чин, Ҷопон, Инглистон, ИМА, Фаронса, Олмон, Русия дар давраи нав ва навтарин.
3. Таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат
3.1 Мавзўъ ва методологияи таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ.
Мавқеи таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар низоми илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва гуманитарӣ. Аҳамияти омўзиши он.
3.2. Таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат дар Миср, Бобулистон, Ҳиндустон, Чин дар давраи қадим. Афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии зардуштӣ. Таълимоти мония. Маздакия. Афкори сиёсӣ  ва  ҳуқуқии Юнони қадим ва Рими қадим.
3.3. Таълимоти сиёсӣ ва ҳуқуқии мутафаккирони форсу тоҷик дар асрҳои миёна ва замони нав.  Имом ал-Бухорӣ. Муҷтаҳидин. Абўҳанифа (Имоми Аъзам). Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Форобӣ, Сино, Садӣ, Ҷомӣ ва намояндагони дигари афкори сиёсиву ҳуқуқии форсу тоҷик.
3.4. Таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат дар Шарқ ва дар Аврупо дар асрҳои миёна, дар давраи Эҳё ва Ислоҳотгароӣ дар асрҳои XVI - XVII.
3.5. Таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат дар Аврупо ва кишварҳои Шарқ дар асрҳои XVII - XVIII. Ташаккул ва инкишофи назарияҳои соҳибихтиёрӣ, таҷзияи ҳокимият, консепсияҳои ҳуқуқҳои инсон ва ғайра.
3.6. Таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат дар Амрикои Шимолӣ (асрҳои XVIII - XIX). Инъикоси таълимоти нави ҳуқуқӣ ва давлатӣ дар Конститутсияи ИМА.
3.7. Таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат дар Шарқ ва дар Аврупо дар асри XIX. Ташаккул ва инкишофи ҳуқуқшиносии позитивӣ, фалсафаи ҳуқуқ, назарияҳои фитрӣ-ҳуқуқӣ.
3.8. Инкишофи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат дар асри XX.
Назарияҳои сотсиалистии давлат ва ҳуқуқ, неопозитивӣ, фитрӣ-ҳуқуқӣ, сотсиологӣ, либералӣ. Инкишофи афкори ҳуқуқӣ ва давлатӣ дар  минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, дар Амрикои Лотинӣ, Африқо ва манотиқи дигари ҷаҳон.
3.9. Инкишофи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат дар асри  XXI. Тақдири назарияи сотсиалистии ҳуқуқ ва давлат. Инкишофи назарияҳои нави давлат ва ҳуқуқ дар давлатҳои пасосотсиалистӣ. Инкишофи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат дар Аврупои Ғарбӣ, ИМА, кишварҳои исломӣ ва дар манотиқи дигари ҷаҳони мутамаддин.

IV. РАМЗ ВА НОМГӮЙИ ИХТИСОСҲОИ МУҶОВИР:
6D030200 - Ҳуқуқи конститутсионӣ, мурофиаи судии конститутсионӣ, ҳукуқи мунисипалӣ (низоми намояндагӣ).
6D030201 - Ҳуқуқи байналмилалӣ; ҳуқуқи Аврупо
6D030104 - Ҳуқуқи маъмурӣ, мурофиаи маъмурӣ.

V. ҲУДУДГУЗОРӢ БО ИХТИСОСҲОИ  МУҶОВИР
Дар тафовут аз ихтисоси 6D030101 таҳқиқот аз рӯйи ихтисоси 6D030200 ба омӯхтани вижагии амалинамоии муқарраротҳои конститутсионӣ-ҳуқуқӣ, таҳқиқот оид ба ташаккул ва рушди муқарраротҳои конститутсионӣ, таҷдиди назар намудани ҳолат ва дурнамои мурофиаи судии конститутсионӣ ва ҳукуқи мунисипалиро фаро гирифта, қонуниятро дар самтҳои мазкур матраҳ менамояд.
Дар тафовут аз ихтисоси 6D030101 таҳқиқот аз рӯйи ихтисоси 6D030201 ба омўзиши масоили низоми муқарраротҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ, меъёри шартномаҳои байналмилалӣ, одатҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ, батанзимдарории муносибатҳои байнидавлатӣ, ташкилоҳои байналмилалӣ ва байниҳукуматӣ ва дигар субъктони ҳуқуқи байналмилалӣ, ғояҳо ва принсипҳои байналмилалӣ-ҳуқуқиро дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ ва Аврупоӣ фаро гирифтааст.
Дар тафовут аз ихтисоси 6D030101 таҳқиқот аз рӯйи ихтисоси 6D030104 ба таҳқиқоти масоили усулҳо, сарчашма ва низоми ҳуқуқи маъмурӣ, шакл ва усулҳои идоракунии давлатӣ, вазъи маъмурӣ-ҳуқуқии субъектони маъмурӣ ҳуқуқӣ, таҳқиқот оид ба муқарраротҳои мурофиаи маъмурӣ, масоили мубрами мурофиаи маъмуриро фарогир мебошад.

VI. ҲУДУДГУЗОРӢ БО СОҲАҲОИ ИЛМҲОИ МУҶОВИР:
Таҳқиқоти бунёдӣ аз рӯйи ихтисоси 6D030101—  Назария  ва  таърихи ҳуқуқ  ва  давлат;  таърихи  таълимот  дар  бораи  ҳуқуқ  ва  давлат дар доираи ихтисосҳои соҳаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ гузаронида мешаванд.