Бо қарори Раёсати Комиссияи олии атестатсионии назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон аз  28 июни соли  2017, №3/1 тасдиқшудааст.

ДАСТУРАМАЛ ОИД БА ТАРТИБИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ ДИССЕРТАТСИЯҲО БАРОИ ДАРЁФТИ ДАРАҶАИ ИЛМИИ ДОКТОРИ ФАЛСАФА (PhD), ДОКТОР АЗ РЎЙИ ИХТИСОС, НОМЗАДИ ИЛМ ВА ДОКТОРИ ИЛМ, АВТОРЕФЕРАТҲОВА МАҚОЛАҲОИИЛМИИЧОПШУДАДОИРБАМАВЗЎИ ДИССЕРТАТСИЯ

 

1.                      Муқарраротиумумӣ

 1.  Дастурамали  мазкур  тартиби  барасмиятдарории  корҳои илмии  тахассусиро  барои  дарёфти  дараҷаҳои  илмии  номзади  илм, доктори  илм,  доктори  фалсафа  (PhD),  доктор  аз  рўйи  ихтисос (минбаъд  -  диссертатсияҳо), авторефератидиссертатсияҳо, кибарои дарёфти  дараҷаҳои  илмӣ  пешниҳод  карда  мешаванд,  инчунин, мақолаҳои  илмии  доир  ба   диссертатсияҳо  дар  нашрияҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  берун  аз  ҳудуди  он  чопшударо  муайян менамояд.

2. Хусусияти барасмиятдарории диссертатсияҳое, киинтишорва (ё)  муаррифии    маълумоти  муҳтавои  онҳо  маҳдуд  мебошанд,  бо санадҳоиқонунгузорӣмуқарраркардамешаванд.

3.  Дар  Дастурамали  мазкур  мафҳумҳои  зерин   истифода мешаванд:

диссертатсия    кори илмии тахассусии мустақилонаиҷрошудаи ягонагии дохилидошта, ки  аз саҳмишахсиимуаллифдарсоҳаиилм шаҳодат медиҳад ва ба ҳаллимасъалаиилмӣёбаомўзишимасъалаи илмии интихобгардида бахшида шуда, натиҷаҳоитаҳқиқотиилмии муаллифро фарогир мебошад;

автореферат    реферате,  ки  аз  ҷониби  муаллиф  аз  рўйи  маводи диссертатсия  дар  шакли  ҷузва  тартиб  дода  шуда,  бояд  мазмуни асосии  онро  фарогир  бошад  ва  нуктаҳои  асосии  ҳимояшавандаи диссертатсияро  такрор  намояд,  дар  маҷмуъ  хулосаҳои  умумӣ  доир ба  диссертатсия  ва  тавсияҳо  оид  ба  истифодаи  натиҷаҳои  онро пешниҳод намояд.

доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос  -  дараҷаи илмие, ки  Комиссияи  олии  аттестатсионии   назди  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори шўрои диссертатсионӣ баъди  ҳимояи диссертатсияи докторӣ аз тарафи докторант, ки талаботи барномаи таълимии докторантура аз рўйи ихтисосро иҷро кардааст ва маҷмўи имтиҳонҳои  ҷамъбастиро  бомуваффақият  супоридааст,  дода мешавад.

4.  Диссертатсия  барои  ҳимоя  дар  шакли  дастнависи  махсус омода  ва  пешниҳод  карда  мешавад,  ки  номи   он  бояд  мақсади гузаронидани  таҳқиқотро  ифода  намояд  ва  ба  муҳтавои  он мутобиқаткунад. Натиҷаҳоинавиилмииазҷонибимуаллифбадаст овардашуда  бояд  дар  асоси  методологияи  илмии  дар  соҳаи номбурдаи  илм  қабулгардида  исбот  шуда  бошанд  ва  ба  таври воқеъбинона дар муқоисабонатиҷаҳои  қабланмаълумбуда  арзёбӣ шаванд.

5.  Диссертатсия  ва  автореферат  бо  забони  тоҷикӣ  ва  русӣ,  ба истиснои  ҳолатҳое,  ки  онҳо  аз  ҷониби  шаҳрвандони  хориҷӣ  ё шахсони  бешаҳрванд,  ки  муваққатан  ба  Ҷумҳурии  Тоҷикистон омадаанд  ё  муваққатан  иқомат  доранд,  (минбаъд–шаҳрвандони хориҷӣ) барои  ҳимояи  диссертатсиябазабонихориҷӣ (даринҳолат матни  диссертатсия  бо  забони  хориҷӣ  ва  автореферат  бошад,  бо ҳамон  забони  хориҷӣ  ва  забони  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон) чоп карда мешаванд.

6.  Ҳангоми  дар  диссертатсия  истифода  шудани  натиҷаҳои таҳқиқоти ба  шахсони дигар  тааллуқдошта,  ки кори илмӣ  якҷоя бо онҳонавишташудааст,  ё  ба  шахсонидигар  мансуббуда, довталаби дарёфти  дараҷаи  илмӣ  вазифадор  аст,  ки  ин  нуктаро  дар диссертатсия  ва  автореферат  бо  истинод  ба  муаллиф  ва  сарчашма қайд намояд.

 

2.                      Сохтори диссертатсия

 7. Диссертатсия бояд  дорои сохтори зерин бошад:

- сарсаҳифа;

- бахши «Мундариҷа»;

- бахши «Номгўи ихтисораҳова (ё) аломатҳоишартӣ» (ҳангоми зарурат);

 - бахши «Муқаддима»;

- бахши «Тавсифи умумии кор»;

- қисми асосӣ, ки шомили шарҳи таҳлилии маъхазҳо оид ба мавзўи таҳқиқот мебошад:

- бахши “Феҳристи маъхазҳо” ё “Номгӯиадабиёт”:

- бахши «Замимаҳо» (дармавридизарурат).

 

3.                      Барасмиятдарории диссертатсияҳо

 

8.  Сарсаҳифа,  саҳифаи  якуми  диссертатсия  буда,  дар  шакли тибқи  Замимаи  1  Дастурамали  мазкур   пешниҳодшуда  ба  расмият дароварда мешавад.

9.  Сарлавҳаҳо  дар  бахши  «Мундариҷа»  бояд  сарлавҳаҳои матнро  айнан  такрор  намоянд.  Ихтисор  ё  дигар  гуна  тасвиди сарлавҳаҳо,  ки  аз  мундариҷа  фарқ  мекунанд,  иҷозат  дода намешавад.  Охирин  калимаи  сарлавҳа  бо  рақами  ба  он  мувофиқи саҳифа  дарсутунитарафиростимундариҷа  бо  бисёрнуқтапайваст мегардад.

10.  Ҳангоми  дар  диссертатсия  истифода  шудани  истилоҳоти махсус,  ихтисораҳои  нодир,  аббревиатураҳо,  аломатҳои  шартӣ (минбаъд–  ихтисораҳо  ва (ё)  аломатҳои    шартӣ)  онҳородарбахши «Номгўи  ихтисораҳо  ва  (ё)  аломатҳои  шартӣ»,  ки  пеш  аз  бахши «Муқаддима» қарормегирад, гирдовардамешаванд.

Дар  бахши  “Номгўи  ихтисораҳо  ва  (ё)  аломатҳои  шартӣ” ихтисораҳо  ва  (ё)  ишораҳои  шартӣ  ба  шакли  сутун  бо  тартиби алифбо,  ё  бо  тартиби  истифодаи  нахустини  онҳо  дар  матн  ҷойгир мешаванд.  Аз  тарафи  рости  онҳо  шарҳи  муфассали  ихтисораҳо  ва (ё)  аломатҳои  шартӣ  дода  мешавад.  Дар  ҳолати  дар  диссертатсия камтар  аз  панҷ  маротиба  такрор  ёфтани  ихтисораҳо  ва  (ё) аломатҳои  шартӣ,  шарҳи  онҳо  дар  матн  ҳангоми  нахустин  бор истифода шудан, оварда мешавад.

11.  Дар  бахши  “Муқаддима”  мубрамӣ  ва  зарурати  баргузории таҳқиқот  азрўйи  мавзўи  диссертатсия  барои  ҳаллимасъалаиилмӣ, омўзиши  масъалаи  илмии  интихобгардида,  рушди  равандҳои мушаххас  дар  самти  дахлдори  илм  асоснок  карда  шуда,  мавқеи диссертатсия дар байни дигар таҳқиқотиинсоҳаинъикосмегардад.

12. Бахши «Тавсифи умумии кор» унсурҳои асосии таркибии зеринро дар бар мегирад:

-робитаи кор бо барномаҳо (лоиҳаҳо) вамавзуъҳоиилмӣ;

- мақсадвавазифаҳоитаҳқиқот;

 - навгонии илмӣ;

- нуктаҳое, ки барои ҳимоябаровардамешаванд;

- саҳмишахсиидовталабидарёфтидараҷаиилмӣ;

-таъйид  (апробатсия)-и  диссертатсия  ва  иттилоот  оид  ба истифодаи натиҷаҳоион;

- интишори  натиҷаҳои  диссертатсия;

- сохтор  ва ҳаҷмидиссертатсия.

13. Дар  қисматиасосии  диссертатсияшарҳи  таҳлилии  маъхазҳо оид ба мавзўи таҳқиқот, тавсифиметодҳоиистифодашуда,  таҷҳизот ва  мавод,  инчунин,  моҳият  ва  натиҷаҳои  асосии  таҳқиқоти назариявӣ ва (ё) таҷрибавӣ оварда мешавад.

14.  Қисмати  асосии  диссертатсия  метавонад  ба  фаслҳо,  бобҳо, параграфҳо,  бахшҳо  ва  зербахшҳо,  ки  бо  рақамҳои  арабӣ рақамгузорӣ  мегарданд,  тақсим  шавад.  Тақсим  намудани диссертатсия  ба  фаслҳо,  бобҳо,  параграфҳо,  бахшҳо  ва  зербахшҳо, инчунин,  пайдарпайии  онҳо  бояд  ҷанбаи  мантиқӣ  дошта  бошад.Тақсими  маводи  асосии  диссертатсия  ба  бобҳо,  бахшҳо  ва  дигар унсурҳои  сохторӣ  аз  ҷониби  довталаби  дарёфти  дараҷаи  илмӣ муайян карда мешавад.

15.  Тартиби  ифодаи  мавод  дар  диссертатсия  бояд  ба  мақсади таҳқиқот,  ки  аз  ҷониби  муаллиф  тасвид  гардидааст,  мувофиқат намояд.  Ҳар  як  фасл,  боб  ва  бахши  диссертатсия  дар  саҳифаи  нав

чоп карда мешавад. Сарлавҳаҳодармобайнисаҳифабенуқтагузорӣ дар охири он  ҷойгир шуда,  аз  матн  бо се фосила аз боло ва аз поён ҷудо  карда мешавад.  Ҳангоми  тақсимнамуданиматнбабандҳова зербандҳо  зарур  аст,  ки  ҳар  як  банд  иттилооти  тамомшударо  дар бар гирад.

16.  Шарҳи  таҳлилии  адабиёт  (маъхазҳо)  аз  рўйи  мавзўи таҳқиқот,  таҳлили  натиҷаҳои  таҳқиқотро,  ки  дар  сарчашмаҳои ахбори  илмии  ватанӣ  ва  хориҷӣ  пешниҳод  шудаанд,  дар  бар мегирад ва бо шарҳи  густардаиасоснокии  интихобисамтитаҳқиқот ва ифодаи консепсияи умумии кор ба охир мерасад.

Дар шарҳи таҳлили  маъхазҳо  довталабидарёфти  дараҷаиилмӣ очерки  марҳилаҳои  асосии  рушди  тасаввуроти  илмиро  оид  ба масъалаи  баррасишаванда  ба  шумули  таҳлили  муқоисавии муносибатҳоиметодологӣ  (методӣ)  васатҳирушдитаҳқиқотродар соҳаи дахлдори донишҳодар  ҷумҳурӣ  вахориҷ  азонмеорад. Иваз намудани  арзёбии  таҳлилии  муҳтавои  таҳқиқоти  илмӣ  дар  соҳаи мушаххас  бо  номбар  намудани  муҳаққиқоне,  ки  онҳоро  иҷро намудаанд,  иҷозат  дода  намешавад.  Дар  асоси  таҳлили  корҳои  қаблан  аз  ҷониби  дигар  муҳаққиқон  (ватанӣ  ва  хориҷӣ)  иҷрошуда, довталаби  дарёфти  дараҷаи  илмӣ  масъалаҳои  ҳанўз  ҳаллнашударо ошкор  намуда,  мавзӯъ  ва  вазифаҳои  таҳқиқоти  худро  дар  доираи мавзўи  интихобшудаи  диссертатсия  муайян  месозад  ва  мавқеи онҳородаркоркардимасъалаимазкурнишонмедиҳад.

17. Дар диссертатсияе, ки ҷанбаи амалӣ  дорад,  бояд маълумот оид  ба  истифодаи  амалии  натиҷаҳои  илмии  аз  ҷониби  муаллиф бадастомада  ва  дар  диссертатсияе,  ки  ҷанбаи  назариявӣ  дорад, тавсияҳооидбаистифодаихулосаҳоиилмӣ  овардашаванд.  Роҳҳоиҳалли  аз  ҷониби  муаллифи  диссертатсия  пешниҳодгардида,  бояд асоснок  карда  шуда,  дар  муқоиса  бо  дигар  роҳҳои  маълуми  ҳалли он арзёбӣ шаванд.

18.  Ҳангоми  навиштани  диссертатсия  довталаби  дарёфти дараҷаи  илмӣ  ба  сарчашмаҳое,  ки  аз  онҳо  мавод  ё  натиҷаҳои алоҳидаи  онҳоро  иқтибос  мекунад,  (аз  ҷумла  ба  диссертатсия  ва мақолаҳои  худ)  бояд  истинод  намояд.  Нақли  матни  муаллифони дигар  бидуни  истинод  ба  онҳо,  инчунин,  иқтибоси  он  бидуни истифодаи нохунак иҷозат дода намешавад.

19.  Дар  бахши  «Хулоса»  натиҷаҳои  таҳқиқоти  иҷрошуда, тавсияҳо,  дурнамои  коркарди  минбаъдаи  мавзўи  диссертатсия оварда мешаванд.

Бахши «Хулоса» бояд ду зербахшро дар бар гирад: «Натиҷаҳои асосии илмии диссертатсия» ва «Тавсияҳооидбаистифодаиамалии натиҷаҳо».

20.  Дар  зербахши  «Натиҷаҳои  асосии  илмии  диссертатсия»  аз ҷониби довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ бозгўи мухтасари моҳияти натиҷаҳои  илмии  диссертатсия,  натиҷаҳои  асосие,  ки  навгонии илмӣ  доранд  ва  дигар  натиҷаҳои  иловатан  тавсифкунандаи тахассуси  довталаби  дарёфти  дараҷаи  илмӣ  (пешниҳод  кардани усули  такмилдиҳандаи  саҳеҳияти  натиҷаҳои  бадастомада,  дастгоҳи таҷрибавии  ихтироъшуда,  ки  амсилаи  равандҳои  технологӣ мебошанд  ва  ғайра)  оварда  мешаванд.  Дар  ин  зербахш  тасвиди нишонаҳои    фарқкунандаи  натиҷаҳои  нави  илмӣ  метавонанд, нисбат  ба нуктаҳои  барои  ҳимояи  диссертатсия пешниҳодшаванда, мумкин  аст  ба  таври  муффасалтар  пешниҳод  гарданд.  Дар  ҳар  як банди  зербахш  бояд  истинод  ба  мақолаҳои  довталаби  дарёфти дараҷаи  илмӣ,  ки  ба  банди  12.  14,  15  Тартиби  додани  дараҷаҳои илмӣ  ваунвониилмӣ (дотсент, профессор), ки  бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  26  ноябри  соли  2016,  505  тасдиқ гардидааст, ҷавобгў мебошанд, оварда шавад.  

21.  Дар  зербахши  «Тавсияҳо  оид  ба  истифодаи  амалии натиҷаҳо»  масъалаҳо  оид  ба  имконияти  истифодаи  амалии натиҷаҳои  бадастомада,  шарҳ  дода  мешаванд.  Дар  ин  зербахш, инчунин  мумкин  аст,  дурнамои  рушди  минбаъдаи  самти  мазкури илмӣ  оварда  шавад.  Ҳангоми  мавҷуд  будани  мавод  оид  ба истифодаи  (ҷорикунии)  натиҷаҳои  бадастомада,  маводе,  ки  ҳуқуқи муаллифро  нисбат  ба  натиҷаҳои  фаъолияти  зеҳнӣ  тасдиқ менамоянд,  дар  бандҳои  дахлдори  ин  зербахш  бо  истинодҳо  ба  ин мавод оварда мешаванд.

22.  Бахши  «Феҳристи  библиографӣ»  ё  «Номгўи  адабиёт (маъхазҳо)»  бояд  ду  зербахшро  дар  бар  гирад:  «Феҳристи сарчашмаҳои  истифодашуда»,  ки  шомили  номгўи  сарчашмаҳои иттилооте,  ки  дар  диссертатсия  ба  он  истинодҳо  оварда  мешаванд ва  «Феҳристи  интишороти  илмии  довталаби  дарёфти  дараҷаи илмӣ»,  ки  дар  он  маълумоти  библиографӣ  оид  ба  интишороти илмии  довталаби  дарёфти  дараҷаи  илмӣ  дар  мавзўи  диссертатсия оварда мешаванд.

23.  Дар  бахши  «Замима»  маводи  ёридиҳанда  ворид  карда мешаванд.  Бахши  мазкур  дар  ҳолати  зарурати  шарҳи  мукаммали муҳтаво ва натиҷаҳоитаҳқиқот, арзёбии  аҳамиятиилмӣ  ваамалии онҳо,  тартиб  дода  мешавад.  Теъдоди  замимаҳоро  муаллифи диссертатсия  муайян  мекунад.  Дар  бахши  «Замима»  инҳо  ворид карда мешаванд:

-исботи  фосилавии  математикӣ,  формулаҳо,  муҳосибаҳо, баҳодиҳии  иштибоҳоти  ченкунӣ  ва  арзёбии  саҳеҳияти  натиҷаҳои бадастомада;

-матнҳои  ибтидоии (рамзҳои) барномаҳоикомпютерӣ  вашарҳи мухтасари онҳо;

- ҷадвалҳо ва мусаввараҳоиёрирасон;

-ҳуҷҷатҳо  ё  нусхаи  онҳо,  ки  истифодаи  илмӣ  ва  (ё)  амалии натиҷаҳои  таҳқиқот  ё  тавсияҳо  оид  ба  истифодаи  онҳоро  тасдиқ менамоянд.

24.  Диссертатсия  бояд  бо  тариқи  чопӣ  дар  як  тарафи  коғази сафед  (андозаи А  4 (210х297) бо андозаи  ҳуруфи  12-14  иҷро  карда шавад.  Пешниҳод  намудани  ҷадвалҳо  ва  тасвирҳо  дар  варақҳои андозаи  А  3  (297х420мм)  иҷозат  дода  мешавад.  Диссертатсия  бояд муқоваи  сахт  дошта  бошад.  Ислоҳи  ѓалатҳо  ва  иштибоҳҳои графикие,  ки  дар  матни  диссертатсия  ошкор  карда  шудаанд,  бо роҳи пок кардан ё молидани ранги сафед иҷозат дода мешавад.

25.  Ҳангоми  ҳуруфчинии  матн  бо  истифодаи  компютер  ҳуруфи  Times  New  Roman  (Times  New  Roman  Cyr,  Times  New  Roman  Tj  ё барои илмҳои  табиӣ,  техникӣ  ва  математикӣ  бо  барномаи Latex), бо шакли оддӣ,  андозаи  ҳуруфи 14  боистифодаифосилаибайнисатрӣ 18 банд (як фосилаи байнисатрӣ), бо андозаи ҳуҷҷатҳои doc, rtf ё odt бо  баробарнамоии  матн  аз  рўйи  арзи  варақ  истифода  бурда мешавад.

26.  Дар  диссертатсия  андозаҳои  зерини  ҳошияҳо  муқаррар карда мешаванд: болоӣ ва поёнӣ-  на кам аз 20 мм, чап -  на кам аз 25 мм, рост- на кам аз 10 мм. Ҳуруфичопӣбоядрост, равшан, возеҳ, бо ранги  сиёҳ  дар  тамоми  ҳаҷми  матни  диссертатсия  яксон  бошад. Истифодаи  имкониятҳои  компютерӣ  барои  ҷалби  таваҷҷуҳ  ба истилоҳот,  қазияҳо,  хусусиятҳои  муҳим,  бо  истифодаи  шаклҳои гуногуни  ҳуруф,  аз  ҷумла  моил,  сиёҳранг,  моили  сиёҳранг,  ҷудо намудан  бо  ҳошиягирӣ,  фосилагузории  миёни  ҳарфҳо  ва  дар  зери матн - сатр хати сиёҳ кашидан, иҷозат дода мешавад.

27.  Ҳаҷми  диссертатсия  набояд  аз  200  саҳифаи  матн,  ки мувофиқи  талаботи  бандҳои  24-26  Дастурамали  мазкур  чоп гардидааст,  зиёд  бошад.  Дар  илмҳои  гуманитарӣ  зиёд  намуданиҳаҷми  диссертатсия  то  15  фоиз  иҷозат  дода  мешавад.  Тасвирҳо, ҷадвалҳо,  бахшҳои  «Феҳристи  библиографӣ»  ё  «Феҳристи маъхазҳо» ва «Замимаҳо»азинҳисобберунмебошанд.

28.  Ҳамаи  саҳифаҳои  диссертатсия  бо  шумули  тасвирҳо  ва замимаҳо,  ба  тартиб,  бе  истисно  ва  такрор  рақамгузорӣ  карда мешаванд.  Саҳифаи  аввал  сарсаҳифа  ба  ҳисоб  меравад,  ки  дар  он рақами  саҳифа  гузошта  намешавад.  Саҳифаҳо  бо  рақамҳои  арабӣ рақамгузорӣ  мешаванд.  Рақами  тартибии  саҳифа,  одатан  дар мобайни ҳошияи болоии саҳифагузоштамешавад.

29.  Бобҳо,  бахшҳо,  зербахшҳо,  бандҳо  дорои  сарлавҳа мебошанд.  Банд  метавонад  сарлавҳа  надошта  бошад.  Бобҳо, бахшҳо,  зербахшҳо,  бандҳо,  расмҳо,  ҷадвалҳо,  формулаҳо, муодилаҳо  бо  рақамҳои  арабӣ,  бидуни  аломати  «№»  рақамгузорӣ карда  мешаванд.  Рақами  боб  баъд  аз  калимаи  «Боб»  гузошта мешавад.

30.  Бахшҳои  «Мундариҷа»,  «Феҳристи  ихтисораҳо  ва  (ё) аломатҳои  шартӣ»,  «Муқаддима»,  «Тавсифи  умумии  кор», «Хулоса»,  «Феҳристи  библиографӣ»  ё  «Феҳристи  адабиёт (маъхазҳо)», «Замимаҳо»рақамгузорӣкарданамешаванд.

31. Бахшҳо  дардоираиҳар  якбобрақамгузорӣкардамешаванд. Рақамибахшазрақамибобварақами тартибии бахш,  ки бо нуқта ҷудо карда шудаанд,  иборат мебошад. Зербахшҳодардоираиҳаряк бахш  рақамгузорӣ  карда  мешаванд.  Рақами  зербахш  аз  рақами тартибии  боб,  бахш  ва  зербахш,  ки  бо  нуқта  ҷудо  карда  шудаанд, иборат  мебошад.  Бандҳо  бо  рақамҳои  арабӣ  дар  доираи  ҳар  як зербахш  рақамгузорӣ  карда  мешаванд.  Рақами  банд  аз  рақами тартибии боб, бахш, зербахш, банд, ки бо нуқтаҳоазҳамҷудокарда шудаанд, иборат мебошад. Рақамибандҳобоҳуруфисиёҳранг  ҷудо карда мешавад. Сарлавҳаи  бобҳо  азсатринав, баъдазрақамибоб чоп карда мешаванд. Сарлавҳаи  бахшҳо,  зербахшҳобаъдазрақами онҳобофосилаовардамешаванд.

32.  Мусаввараҳо,  суратҳо,  расмҳо,  нақшаҳо,  тарҳҳо, диаграммаҳо,  нигораҳо,  харитаҳо  (минбаъд  -  тасвирҳо)  ваҷадвалҳо барои  пешниҳоди  аёнии  ҷанбаҳои  объектҳои  таҳқиқот  дар диссертатсия,  маълумоти  назариявӣ  ва  (ё)  таҷрибавӣ  ва қонуниятҳои  ошкоргардида,  хизмат  мекунанд.  Мусаввараҳо  ва ҷадвалҳо  дар  диссертатсия  бевосита  дар  саҳифа  бо  матн  баъд  аз сарлавҳае,  ки онҳоаввалинмаротибазикр  мешаванд,  ёалоҳидадар саҳифаи  минбаъда  ҷойгир  карда  мешаванд.  Мусаввараҳо  ва ҷадвалҳо чунон  ҷойгир карда мешаванд,  ки дидани онҳо бидуни ба тарафи  дигар  гардонидани  диссертатсия  ё  бо  гардонидан  аз  рўйи ақрабаки  соат  муносиб  бошад.  Мусаввараҳо  ва  ҷадвалҳое,  ки  дар саҳифаи  алоҳидаи  диссертатсия  ҷойгир  шудаанд,  ба  рақамгузории умумии саҳифаҳоворидкардамешаванд.

33.  Истифодаи  замимаҳои  дорои  андозаи  ғайристандартӣ,  ки дар  шакли  қатшуда  ба  андозаи  А4  мутобиқат  менамоянд,  иҷозат дода мешавад. Мусаввараҳоваҷадвалҳомутаносибанбокалимаҳои «расм»  ва  «ҷадвал»  аломатгузорӣ  гардида  бо  рақамҳои  арабӣ пайдарпай  дар  доираи  ҳар  як  боб  рақамгузорӣ  мешаванд.  Дарҳамаи  тасвирҳо  ва  ҷадвалҳо  бояд  истинод  дар  матни  диссертатсия вуҷуд  дошта  бошад.  Калимаҳои  «Расм»  ва  «Ҷадвал»  дар зернавиштаҳои  расм,  ҷадвал  ва  истинод  ба  онҳо  кўтоҳ  карда намешаванд.  Рақами  мусаввараҳо  ё  ҷадвалҳо  аз  рақами  боб  ва рақами  тартибии  мусаввара  ё  ҷадвал,  ки  бо  нуқта  ҷудо  шудаанд, иборат  мебошад.  Агар  дар  бобҳои  диссертатсия  танҳо  яктогӣ мусаввара  ё ҷадвал оварда шуда бошанд,  пас онҳопайдар  ҳамдар доираи диссертатсия рақамгузорӣкардамешаванд.

34.  Мусаввараҳо  бо  ёрии  компютер,  бо  ранг,  туш  ё  хамираи ранги сиёҳ  даркоғазисафеди  ғайришаффоф  иҷрокардамешаванд. Сифати  тасвирҳо  бояд  имкони  нусхабардории  возеҳи  онҳоро таъмин  намояд.  Ба  сифати  мусаввара  истифодаи  фотосуратҳо  ва нусхаи чопшудаи тасвирҳо иҷозат дода мешавад.

35.  Мусаввараҳо  бояд  дорои  ном  ва  маълумоти  тавзеҳӣ  (матни зертасвир)  бошанд,  ки  дар  мобайни  саҳифа  ҷойгир  шудаанд. Маълумоти тавзеҳиро дар зери мусаввара  ва аз сатри нав -  калимаи «Расм»,  рақам  ва  номи  тасвир,  бо  ҷудо  кардани  рақам  аз  ном  бо аломати  тире,  ҷойгир  карда  мешавад.  Дар  охири  рақамгузории мусаввара  нуқта  гузошта  мешавад,  аммо  дар  охири  номи  онҳо, нуқта  гузошта  намешавад.  Кўчонидани  қисми  калима  дар  номи расм  иҷозат  дода  намешавад.  Калимаи  «Расм»,  рақам  ва  номи мусаввара,  инчунин маълумоти тавзеҳии расм,  бо  ҳуруфисиёҳранг, ба андозаи 1-2 банди хурдтар аз ҳуруфиматнчопкардамешавад.

36.  Маводи  рақамии  диссертатсия  бо  шакли  ҷадвал  мураттаб карда  мешаванд. Ҳар  якҷадвалбоядсарлавҳаикутоҳ  доштабошад, ки он аз калимаи «Ҷадвал», рақами тартибӣ ва номи он, ки аз рақам бо  нуқта  ва  аломати  тире  ҷудо  карда  шудааст,  иборат  бошад. Сарлавҳаро  дар  болои  ҷадвал  аз  чап,  бе  фосилаи  сарсатрӣ  ҷойгир кардан  лозим  аст.  Ҷадвал  аз  сарлавҳаҳо,  сарлавҳаҳои  сутунҳо, зерсарлавҳаҳои  сутунҳо,  сатрҳо  (қаторҳои  уфуқии  ҷадвал), паҳлухатҳо  (сутунҳо  барои  сарлавҳаҳо),  ишорахатҳо  (сутунчаҳо) иборат мебошад.

37.  Ҳангоми  батартибдарории  ҷадвал  тартибизеринриоякарда мешавад:

-истифода намудани ҳуруфиандозаи  1-2 банд хурдтар аз ҳуруфи матни диссертатсия иҷозат дода мешавад;

-  дар ҷадвал  сутуни  «Рақамитартибӣ»  дохил  карданамешавад.

Ҳангоми  зарурати  рақамгузории  нишондиҳандаҳои  дар  ҷадвал воридкардашуда,  рақамҳои  тартибӣ  дар  паҳлу,  бевосита  пеш  аз номи онҳогузоштамешавад;

-ба  саҳифаи  дигар  кўчонидани  ҷадвали  дорои  шумораи  зиёди сатрҳо  иҷозат дода мешавад.  Ҳангоми  кўчонидани  қисмати  ҷадвал ба  саҳифаи  дигар  дар  болои  қисмати  якум  як  маротиба  сарлавҳа нишон  дода  шуда,  аз  тарафи  чап  дар  болои  қисмати  боқимондаиҷадвал  калимаи «Идома» навишта мешавад. Агар дар диссертатсия якчанд  ҷадвал  бошад,  баъд  аз  калимаи  «Идома»  рақами  ҷадвали оварда мешавад;

-тақсим  намудани  ҷадвали  сутунҳояш  зиёд  ба  қисматҳо  ва ҷойгир  намудани як  қисматдарзери  қисматидигардардоираи  як саҳифа  бо  такрор  намудани  паҳлухат  дар  ҳар  як  қисмати  ҷадвал иҷозат  дода  мешавад.  Сарлавҳаи  ҷадвал  танҳо  дар  болои  қисмати якум  ҷойгир карда мешавад ва дар  қисматҳоибоқимонда«Идомаи ҷадвал»  ё  «Хотимаи  ҷадвал»  бо  нишондоди  рақами  он  навишта мешавад;

-тақсимнамудани  ҷадвал  бошумораиками  сутунҳо  бақисматҳо ва  ҷойгир  намудани  як  қисмат  дар  паҳлуи  қисмати  дигар,  дар саҳифа,  бо  ҷудо  кардани  онҳо  аз  якдигар  ва  такрор  намудани сарлавҳадар  ҳаряк  қисматиҷозатдодамешавад.  Ҳангоми  андозаи калон доштани сарлавҳа  такрорнакарданиондар  қисматидуюмвақисматҳои  минбаъда,  бо  иваз  намудани  сарлавҳа  бо  рақамҳои мутобиқи  сутунҳо,  ки  бо  рақамҳои  арабӣ  рақамгузорӣ  карда мешаванд, иҷозат дода мешавад;

-агар  матни  дар  сатрҳои  гуногуни  сутунҳои  ҷадвал такрорёбанда,  аз  як  калима  иборат  бошад,  баъд  аз  навишти  якум минбаъд  иваз  намудани  вай  бо  нохунак  ва  агар  аз  ду  ва  ё  зиёда калимаҳоиборатбошад, ивазнамуданивайбокалимаҳои«Ҳамон», ҳангоми такрорёбии минбаъда иваз кардан бо нохунак иҷозат дода мешавад.  Бо  нохунак  иваз  намудани  рақамҳо,  тамғаҳо,  аломатҳо, рамзҳои  математикӣ,  физикӣ  ва  химиявӣ,  иҷозат  дода  намешавад. Агар маълумоти рақамӣ ё дигар маълумот дар ин ё он сатри  ҷадвал оварда нашавад, дар сатри мазкур нимтире гузошта мешавад;

-сарлавҳаҳои  сутунҳо  бо  ҳарфҳои  калон  бо  шумораи  танҳо, зерсарлавҳаҳоисутунҳо - боҳарфҳоихурд, агаронҳобосарлавҳаяк ҷумла бошанд ва маънои мустақилдоштабошандбоҳарфҳоикалон навишта  мешаванд.  Ҳангоми  зарурати  баробаркунии  матни сарлавҳа  он  бо  кўчонидани  калимаҳо  амалӣ  карда  мешавад.  Агар додани  истинод  ба  онҳо  дар    матни  диссертатсия  зарур  бошад, рақамгузории  сутунҳо  бо  рақамҳои  арабӣ  иҷозат  дода  мешавад;

сарлавҳаи  сутун  бо  сатрҳои  ҷадвал  мувозӣ  навишта  мешавад.  Дар мавридҳои  зарурӣ  сарлавҳаи  сутунро  мувозӣ  бо  сутун  низ  навиштан иҷозатдодамешавад;

-сарлавҳаи  ҷадвал  аз  қисматибоқимондаи  ҷадвал  бохаттирост ҷудо карда мешавад. Аз чап, рост ва аз поён ҷадвалбохатҳомаҳдуд карда  мешавад.  Хатҳои  уфуқӣ  ва  амудӣ,  ки  сатрҳо  ва  сутунҳои ҷадвалро ҷудо менамоянд, метавонанд оварда нашаванд;

-ҷудо  кардани сарлавҳавазерсарлавҳаҳоипаҳлуӣвасутунҳо  бо хатҳоидиагоналӣиҷозатдоданамешавад;

-ҳангоми  буридани  ҷадвал  ва  кўчонидани  қисмати  он  ба саҳифаи  дигар,  дар  охири  қисмати  якуми  ҷадвал  хати маҳдудкунандаипоёнӣгузарониданамешавад.

38.  Ҳангоми  батартибдарории  формулаҳо  (муодилаҳо)  ба сифати  рамз  аломатҳое,  ки  бо  санадҳои  меъёрии  ҳуқуқии  техникӣ муқаррар  карда  шудаанд,  истифода  мешаванд.  Формулаҳо (муодилаҳо)  дар  матни  диссертатсия  бо  рақамҳои  арабӣ рақамгузорӣ  мешаванд.  Ҳангоми  дар  диссертатсия  мавҷуд  будани зиёда  аз  як  формула  (муодила)  онҳо  дар  доираи  боб  рақамгузорӣ карда  мешаванд.  Рақами  формула  (муодила)  аз  рақами  боб  ва рақами  тартибии  формула  (муодила)  дар  боб,  ки  бо  нуқта  аз  ҳам ҷудо  карда  шудаанд,  иборат  мебошад.  Рақами  формулаҳоро (муодилаҳоро) дар  қавсайниоддӣ  дартарафиростиварақ  дарсатҳи формула (муодила) менависанд.

39. Ҳангомибатартибдарорииформулаҳо (муодилаҳо):

-онҳороазматндарсатриалоҳида  ҷудо  бояднамуд. Азболова поёни формула (муодила) як сатри холӣ гузошта мешавад;

-агар  ҷой  додани  формула  (муодила)  дар  як  сатр  ғайриимкон бошад,  он  ба  сатри  дигар  баъд  аз  аломати  баробарӣ  (=)  ё  баъд  аз аломатҳои  ҷамъ  (+),  тарҳ  (-),  зарб  (х)  ва  тақсим  (:)  кӯчонида мешавад.  Зимнан  аломати  дахлдор  дар  аввали  сатри  нав  такрор карда мешавад;

-истинодҳо  ба  формула  (муодила)  мувофиқи  матни диссертатсия дар қавсайндодамешавад;

-тавзеҳи  маънии  рамзҳо  ва  зарибҳои  рақамии  ба  формула (муодила)  шомилбуда,  бевосита  дар  зери  формула  (муодила)  бо пайдарҳамие,  ки  онҳо  дар  формула  (муодила)  дода  шудаанд,  бо нишондоди андоза (ҳангомизарурат)  овардамешавад. Маънии  ҳар як  рамз  ва  зариби  рақамӣ  дар  сатри  нав  оварда  мешавад.  Агар рамзҳои  мазкур  минбаъд  дар  матн  истифода  шаванд,  ба  тавзеҳи онҳозаруратнест. Сатриаввалитавзеҳазкалимаҳои«даринҷо»бе дунуқтаоғозмегардад.

40.  Ҳангоми  зарурат  ба  муҳтавои  мусаввара,  ҷадвал  ё  матн  бо шакли  эзоҳот,  ки  дар  зери  мусаввара,  ҷадвал  ё  матн  оварда мешаванд,  тавзеҳ  ё  маълумоти  раҳнамо  дода  мешавад.  Ҳангоми мавҷуд будани танҳоякэзоҳбаъдазкалимаи«Эзоҳ», кибофосилаи

сархат  навишта  шудааст,  аломати  тире  гузошта  шуда,  эзоҳ  боҳарфҳои калон оварда мешавад. Ҳангомимавҷуд будани якчанд ҳар яки  он  аз  сатри  нав  бо  фосилаи  сархатӣ  чоп  карда  шуда,  бо рақамҳои  арабӣ  рақамгузорӣ  карда  мешавад.  Калимаи  «Эзоҳ»  ва матни эзоҳ  боҳуруфибаандозаи  1-2  банд  хурдтар  аз  ҳуруфиматни асосӣ чоп карда мешаванд.

41.  Батартибдарории  шарҳҳои  иловагӣ  ба  матн  ё  ҷадвалҳо  дар шакли  поварақҳо  иҷозат  дода  мешавад.  Аломати  поварақ  баъд  аз

калима,  рақам,  рамз  ва  ҷумлае,  ки  ба  он  шарҳ  дода  мешавад, гузошта  мешавад. Аломати поварақ  борақамҳои  арабиисатрӣдар қавсайни  мураббаъ  оварда  мешавад.  Дар  поварақҳо  ба  ҷойи рақамҳо  гузоштани  аломати  «*»  иҷозат  дода  мешавад.  Поварақро дар охири саҳифа  аз  фосилаисархатӣ, бо  ҷудонамуданазматнбо хати  уфуқии  кутоҳ  аз  чап  ҷойгир  менамоянд.  Поварақи  ҷадвалро дар  охири  ҷадвал  дар  болои  хате,  ки  аз  хотимаи  ҷадвал  шаҳодат медиҳад, ҷойгир менамоянд.

42.  Ҳангоми  истифодаимаълумот  азсарчашмаи  дороитеъдоди зиёди  саҳифаҳо,  дар  истинод  ба  ин  сарчашма  рақами  саҳифаҳо, мусаввараҳо,  ҷадвалҳо,  формулаҳо,  муодилаҳо,  ки  ба  онҳо  дар диссертатсия  истинод  мегардад,  нишон  дода  мешавад.  Дар  матни диссертатсия  истинодҳо  ба  сарчашмаҳо  бо  нишон  додани  рақамҳо

мутобиқи  феҳристи  библиографӣ  оварда  мешаванд.  Рақами сарчашма  аз  рўйи  феҳрист  дар  қавсайни  мураббаъ  гузошта мешавад, ё байни ду хати моил ҷой дода мешавад.

43. Феҳристи  сарчашмаҳоиистифодашуда,  ботартибиомадани истинодҳо  дар  матни  диссертатсия,  ё  бо  тартиби  алифбоӣ  насаби муаллифи  аввал  ва  (ё)  сарлавҳаҳо,  ё  бо  тартиби  хронологӣ  тартиб

дода  мешавад.  Дар  матни  феҳристи  сарчашмаҳои  истифодашуда маълумот  оид  ба  сарчашмаҳо  бо  рақамҳои  арабӣ  рақамгузорӣ мешавад.

44. Рўйхати маводи чопшудаи  довталаби дарёфти  дараҷаи илмӣ аз  рўйи  навъҳои  интишорот  (монографияҳо,  мақолаҳо,  маводи конфронсҳо, фишурдаимаърўзаҳо,  патентҳовағайраҳо) ботартиби хронологии онҳо,  дардоираигурўҳҳоҷойдодамешавад.  Маълумот оид  ба  сарчашмаҳо  дар  феҳристи  маводи  чопшудаи  довталаби дарёфти  дараҷаи илмӣ  бо рақамҳоиарабӣ,  рақамгузорӣ  мешаванд, ки  баъд  аз  аломати  тире  бо  ҳарфи  «М»  («муаллифӣ»)  пурра мегардад.  Маълумот  оид  ба  сарчашмаҳо  бо  фосилаи  сархатӣ  чоп карда  мешаванд.  Дар  феҳристи  сарчашмаҳои  истифодашуда,  баъд аз  рақамнуқта  гузошта  мешавад.  Маълумот  оид  ба  сарчашмаҳо мутобиқи  стандартҳои  байнидавлатии  ГОСТ  7.80-2000  «Қайди библиографӣ.  Сарлавҳа,  Талаботвақоидаҳоиумумии тартибдиҳӣ», стандарти  байнидавлатии  ГОСТ  7.1-2003  «Қайди  библиографӣ. Шарҳи  библиографӣ.  Талабот  ва  қоидаҳои  умумии  тартибдиҳӣ стандарти  байнидавлатии  ГОСТ  7.82-2001  «Қайди  библиографӣ. Шарҳи  библиографии  захираҳои  электронӣ.  Талабот  ва  қоидаҳои умумии  тартибдиҳӣ»,  стандарти  байнидавлатии  ГОСТ  7.12-93 «Қайдибиблиографӣ. Ихтисорикалимаҳодарзабонирусӣ. Талабот ва  қоидаҳоиумумиитартибдиҳӣ», стандартибайнидавлатииГОСТ 7.11-2004  «Қайди  библиографӣ.  Ихтисори  калима  ва  ибораҳо  дар забонҳоихориҷииаврупоӣ», барасмиятдаровардамешаванд.

45.  Ҳангоми  бо  тартиби  алифбоӣ  сохтани  феҳристи сарчашмаҳои  истифодашуда,  он  бо  шакли  се  қисмат  пешниҳод карда мешавад. Дар  қисматиаввалсарчашмаҳои  библиографие,  ки дар  онҳо  барои  тавсиф  бо  ҳуруфи  кириллӣ,  дар  қисмати  дуюм  бо ҳуруфи  лотинӣ  ва  дар  қисмати  сеюм  ҳуруфи  дигар  (иероглифӣ, арабӣ)  истифода  шудааст,  нишон  дода  мешаванд.  Агар  барои тавсиф  ҳуруфи  дигар  истифода  шуда  бошад,  баъд  аз  маълумоти библиографӣ бо забони асл дар қавсайнтарҷумаионбозабонирусӣ (тоҷикӣ) оварда мешавад.

46.  Бахши  «Замима»  дар  охири  дастнавис  ё  ҳамчун  қисмати алоҳида  (китоб)  овардамешавад. Замимаботартибипайдошудани истинод  ба он  дар матни диссертатсия  ҷо ба ҷо карда мешавад. Ба бахши «Замима» шомил намудани маводе, ки оид ба онҳодарматни диссертатсия  истинод  вуҷуд  надорад,  иҷозат  дода  намешавад.  Ҳар як  замима  аз  саҳифаи  нав  тавассути  дар  кунҷи  рости  болоӣ  сабт намудани калимаи «ЗАМИМА»,  ки бо ҳуруфи калони алифбоӣ чоп гаштааст, оғозмегардад. Замимабоядсарлавҳаипурмуҳтаводошта, дар  мобайни  саҳифа  аз  сатри  нав  бо  ҳарфи  калон  навишта  шуда бошад.  Ҳангоми  ҳамчун  қисмати  алоҳида  (китоб)  тартиб  додани замимаҳо,  дар  сарсаҳифа  дар  зери  номи  диссертатсия,  бо  ҳуруфи калон  калимаи  «ЗАМИМА»  чоп  карда  мешавад.  Чунин  замима метавонад бахши «Мундариҷа»  доштабошад.  Дарбахши«Замима» тавсияҳо  оид  ба  истифодаи  натиҷаҳои  илмии  бадастомада  ворид карда  мешаванд.  Агар  дар  тавсия,  андозаи  самараи  бадастомадаи иқтисодӣ  оварда  шавад,  он  бояд  бо  муҳосибаи  замимавӣ  тасдиқ карда шавад.

47.  Ҳамаи  нусхаҳои  диссертатсия  бояд  аз  ҷониби  довталаби дарёфти  дараҷаи  илмӣ  дар  сарсаҳифа    ва  дар  пушти  саҳифаи охирони диссертатсия имзо гузошта шаванд.

 

4.                      Сохтори автореферат ва барасмиятдарории он

 

48. Автореферат бояд дорои сохтори зерин бошад:

-муқова;

-матн, аз ҷумла, бахшҳои  «Тавсифиумумиикор», «Қисмати асосӣ», «Хулоса»;

-феҳристи  корҳои  чопшудаи  муаллиф  доир  ба  мавзўи диссертатсия;

-аннотатсия.

49.  Рўйи  муқоваи  автореферат  мутобиқи  Замимаи  1  ба Дастурамали  мазкур  ва  қисмати  пушти  муқоваи  автореферат мутобиқи  шакли  Замимаи  2  ба  Дастурамали  мазкур  ба  тартиб дароварда  мешавад.  Автореферат  бояд  муҳтавои  диссертатсияро бидуни  тафсилоти  барзиёд,  инчунин,  иттилооте,  ки  дар диссертатсия  шомил  нашудааст,  пурра  ошкор  созад.  Автореферат бо  ҳамон  забоне,  ки  диссертатсия  таълиф  шудааст,  навишта мешавад ва ба забони тоҷикӣ (русӣ) тарҷума карда мешавад.

50.   Бахшҳои  “Тавсифи  умумии  кор”  ва  “Хулоса”  бояд бахшҳои  марбутаи  диссертатсияро  беихтисор  ва  иловаҳо  такрор намоянд.

51.  Дар бахши «Қисматиасосӣ»-иавторефератбоядпурра,  бе тафсилоти барзиёд, муҳтавои бобҳои (бахшҳои) диссертатсия ошкор гардида,  набояд иттилооти дар диссертатсия мавҷуднабуда,  оварда шавад.

52.  Ҳаҷми  дастнависи  автореферат  бе  дарназардошти  муқова, феҳристи  интишороти  муаллиф  оид   ба  мавзўи  диссертатсия  ва хулоса,  набояд аз ду ҷузъи муаллифӣ барои диссертатсияи докторӣ ва аз як ҷузъи муаллифӣ  (баробари 40000 аломати чопӣ бо шумули фосилаҳо  иборат  аст)  барои  диссертатсияи  довталаби  дарёфти дараҷаи  илмиидокторифалсафа (PhD), докторазрӯйи  ихтисос  ва номзади  илм  зиёд  бошад.  Омода  намудани  автореферат  мутобиқи бандҳои  24  ва  25  иДастурамалимазкурамалӣмегардад. Афзоишиҳаҷми  автореферати  диссертатсияҳо  дар  илмҳои  гуманитарӣ  то  15 фоиз иҷозат дода мешавад.

53.  Феҳристи  маводи  чопшудаи  довталаби  дарёфти  дараҷаи илмӣ  ҳамаи  корҳои  оид  ба  мавзўи  диссертатсияро,  ки  ба  талаботи бандҳои  12. 14, 15  Тартибидоданидараҷаҳоиилмӣ  ва унвони илмӣ  

(дотсент, профессор), ки бо қарори Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон  

аз  26  ноябри  соли  2016,  №505  тасдиқ  гардидааст,  мутобиқ мебошанд,  инчунин,  корҳои  тасдиқкунандаи  аҳаммияти  амалии натиҷаҳоро  дар  бар  мегирад.  Тавсифи  библиографии  маводи чопшуда  бояд  ба  қоидаҳои  батартибдарории  сарчашмаҳои библиографӣ  мутобиқат  намояд.  Овардани  номи  корҳо  ва  ному насаби  ҳамаи  ҳаммуаллифон,  сарфиназаразшумораионҳо,  ҳатмӣ мебошад.  Феҳрист  мутобиқи  навъи  интишорот  (монографияҳо, мақолаҳо,  маводи  конфронсҳо,  фишурдаи  маърўзаҳо,  патентҳо  вағайра)  бо тартиби хронологӣ  дар доираи гурўҳҳогурўҳбандӣ  карда мешавад.

54.  Дар  охири  автореферат  аннотатсия,  ки  барои  интишор  ва истифодаи  иттилоот  оид  ба   диссертатсия  пешбинӣ  шудааст,  ҷой дода  мешавад.  Ҳаҷми  аннотатсия  набояд  аз  ду  ҳазор  аломатҳои чопӣ  зиёд  бошад.  Аннотатсия  аз  сарлавҳа,  феҳристи  калимаҳои калидӣ  ва  матн  иборат  мебошад.  Дар  сарлавҳа  калимаи «АННОТАТСИЯ», ному насаби  муаллиф, номи падар (агар бошад) ва  номи  диссертатсия  оварда  мешавад.  Калимаҳои  калидӣ  (то  15) оварда  шуда,  бо  ҳарфҳои  хурди  алифбо  дар  сатр  баъди  гузоштани вергул чоп карда мешаванд.

55.  Матни  аннотатсия  бояд мақсадикор,  усулҳоитаҳқиқотва таҷҳизотиистифодагардида,  натиҷаҳоибадастомадаванавгониҳои онҳо,  тавсияҳорооидбаистифодавасоҳаиистифодаионҳоинъкос намояд.  Ҳангоми  бозгў  намудани   маводи  аннотатсия  бояд  аз сохтори  синтаксисии  ба  забони  ҳуҷҷатҳои  илмӣ  хосбуда  истифода

гардида,  аз  ибораҳои  душвори  грамматикӣ  худдорӣ  намуд  ва истилоҳоти меъёришударо истифода намуда, аз корбурди истилоҳот ва  рамзҳои  нодиру  ѓайримаъмул  худдорӣ  кард.  Аннотатсия  ба забони тоҷикӣ (русӣ) ва англисӣ тарҷума карда мешавад.

56  Автореферат  бояд  бо  таври  чопӣ  дар  ҳарду  тарафи  коғази сафеди  андозаи  145x215мм  (андоза  ва  ҳиссаи  варақи  коѓаз  -60x90/16)  чоп  кардашавад. Истифодаиварақи  коғази  андозаи 145 х 200  мм  (андозаи   коғаз  ва  ҳиссаи  андозаи  60х84/16  варақ)  иҷозат дода мешавад. Автореферати  диссертатсия  дар  таҷҳизоти  нусхабардорӣ-таксирӣ, ёбоусуличопӣтаксиркардамешавад.

57.  Ҳамаи  нусхаҳоиавторефератидиссертатсия, кибароиирсол омода  шудаанд,  аз  ҷониби  довталаби  дарёфти  дараҷаи  илмӣ  дар сарсаҳифа ва саҳифаиохиримзокардамешаванд.

 

5.                      Сохтор ва барасмиятдарории маводи илмии чопшуда оид ба мавзўи диссертатсия

 

58.  Мақолаи  илмӣ,  асари  мантиқан  томи  ба  анҷомрасида мебошад,  ки  ба  масъалаи  мушаххаси  доираи  проблемаҳои  аз ҷониби  довталаби  дарёфти  дараҷаи  илмӣ  дар  диссертатсия таҳқиқшаванда,  бахшида  мешавад.  Мақолаи  илмӣ  натиҷаҳои бештар  аҳаммиятнокро,  ки  аз  ҷониби  довталаби  дарёфти  дараҷаи илмӣ ба даст оварда шуда, бозгў ва асосноксозии густурдаро тақозо менамоянд, ошкор месозад.

59.  Ҳаҷми  мақолаиилмӣ  оид ба мавзўи диссертатсия,  бояд на камтар  аз  0,3  ҷузъи  муаллифиро  (14  000  аломати  чопӣ,  бо  шумули фосилаи  байни  калимаҳо,  аломатҳои  китобатӣ,  рақам  ва  ғайра) ташкил  намояд,  агар  ин  бо  қоидаҳои  барои  муаллифон муқаррарнамудаи нашрияи чопии дахлдор иҷозат дода шуда бошад.

60.  Мақолаҳои  илмие,  ки  дар  маҷаллаҳо  (нашрияҳо)-и  илмии тақризшавандаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои  нашри  натиҷаҳои таҳқиқоти  диссертатсионӣ  шомилбуда  интишор  мешаванд, унсурҳои  зеринро  дар  бар  мегиранд,  агар  чизи  дигар  бо  қоидаҳои барои  муаллиф  аз  ҷониби  нашрияҳои  чопии  марбута  муқаррар нашуда бошад:

-ному насаби муаллифи (муаллифони) мақола, номи он;

-аннотатсия;

-муқаддима;

-қисмати  асосӣ,  ки  расмҳо  ва  дигар  маводи  тасвириро  (дар сурати мавҷуд будани онҳо) дарбармегирад;

-хулосае,  ки   бо  натиҷаҳои  возеҳан  тасвидшуда  ба  анҷом расидааст;

-феҳристи сарчашмаҳоииқтибосшуда;

- санаи ба идораи нашрияи чопӣ ворид шудани мақола.

Иловатан  мутобиқи  талаботи  идораи  нашрияҳои  илмӣ  дар сохтори мақола, инчунин, инҳороворидкарданмумкинаст:

-номгўйи аломатҳоваихтисоротиқабулшуда;

-аннотатсия бо забони англисӣ ва (ё) дигар забони хориҷӣ.

61.   Номи  мақола  бояд  ғояи  асосии  таҳқиқоти  иҷрошударо инъикос  намуда,  мухтасар  бошад  ва  калимаҳои  калидиро  дар  бар гирад.  Аннотатсия бояд муҳтавоимақоларовозеҳанифоданамуда, барои ҳамчун  аннотатсия  ба маҷалла,  ҷудо  аз мақолачопнамудан, қобилиқабул бошад.

62.  Дар муқаддима шарҳи мухтасари маъхазҳооидбамасъалаи мазкур  оварда  шуда,  масъалаҳои  қаблан  ҳалнашуда  ишора  шуда, мақсади  кор  мураттаб  ва  асоснок  карда  мешавад,  дар  мавридҳои зарурӣ  робитаи  онбомуҳимтаринравандҳоиилмӣ ва амалӣ нишон дода  мешаванд.  Таҳлили  сарчашмаҳои  истифодашуда,  ҳангоми омода  намудани  мақолаи  илмӣ  бояд  оид  ба  дониши  муаллифи (муаллифони)  мақолаиилмӣ  оидбадастовардҳодарсоҳаидахлдор шаҳодат  диҳад.  Истинодҳо  ба  корҳои  муаллифони  дигар,  бо шумули  интишороти  хориҷӣ  дар  соҳаи  мазкур  (ҳангоми  мавҷуд будани онҳо) ҳатмӣмебошад.

63.  Қисмати  асосии  мақола  бояд  тавсифи  методика,  таҷҳизот, мавод,  объекти таҳқиқотродарбаргирифта,  муҳтавоитаҳқиқотиаз ҷониби  муаллиф  (муаллифон)  иҷрогардидаро  равшан  намояд. Натиҷаҳои  бадастомада  бояд  аз  нуқтаи  назари  саҳеҳии  онҳо, навоварии  илмӣ  мавриди  таҳлил  қарор  гирифта,  бо  маълумоти маълуми дахлдор муқоисашаванд.

Қисмати  асосии  мақола  метавонад  ба  зербахшҳо  (бо сарлавҳаҳоитавзеҳӣ)  ҷудошуда,  таҳлилимаводиохирини  чопшуда оид ба ҳаллуфаслимасъалаибазербахшимазкурмансуббудародар бар  гирад.  Мусаввараҳо,  формулаҳо,  муодилаҳо  ва  истинодҳои муҳтавои  мақола,  мутобиқи  тартиботи  иқтибос  дар  матн рақамгузорӣ  мешаванд.  Дар  аннотатсия  натиҷаҳои  асосии  аз ҷониби муаллиф бадастовардашуда, мухтасар тасвид мешаванд.

64.  Ҳаҷми  монография,  ки  ба  сифати  маводи  чопшуда  оид  ба мавзўи таҳқиқотидиссертатсионӣбаинобат гирифта мешавад, бояд на камтар аз 10 ҷузъи муаллифӣ (барои илмҳои гуманитарӣ 15 ҷузъи муаллифӣ)-ро  ташкил намояд  ва адади нашри он  на  камтар аз  100 нусха бошад.