Мутобиқи бандҳои 163, 164 боби 10 «Низомномаи намунавӣ оид ба Шурои диссертатсионӣ» ба Шурои диссертатсионии мазкур қабули ҳимояи диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм аз рўйи ихтисоси 6D050600, 08.00.05 - иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ: иқтисодиёт, ташкил ва идораи корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо (иқтисодиёти минтақавӣ) иҷозат дода шуд.

 Шиносномаи ихтисоси 08.00.05

 (Бо қарори Раёсати комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2017 № 4/1тасдиқ шудааст).

 I. Рамзи ихтисос: 

 08.00.05 - Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ 

 II.Муҳтавои ихтисос: Муҳтавои ихтисоси 08.00.05-ро таҳқиқи системаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣқтисодӣ, пайдоиш, ташаккул ва рушди онҳоро танҳо аз ҷанбаи идоракунӣ ташкил медиҳад. 

 Ба қисмҳои таркибии асосии ин ихтисос дохил мешавад: муқаррароти назариявӣ ва методологӣ, методҳо ва равишҳои идоракунии системаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣқтисодӣ; ҷанбаҳои ниҳодӣ ва инфрасохтории рушди ин системаҳо; ҷанбаҳои гуногуни омӯзиши субъектҳои идоракунии системаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣқтисодӣ (давлатӣ, фаромилӣ, минтақавӣ, сохторҳои идоракунии корпоративӣ ва менеҷерон инчунин субъектҳои идоракунӣ). 

 Объекти таҳқиқи ихтисоси 08.00.05 - системаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣқтисодии дорои миқёс, сатҳ, соҳаи амал ва шакли моликияти гуногун мебошад. 

 Мавриди таҳқиқи ихтисоси зикршударо муносибатҳои иқтисодӣ ва идоракуние ташкил медиҳад, ки дар раванди ташаккул, рушд ва харобшавии системаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣқтисодӣ ба миён меоянд. 

 III.Соҳаҳои таҳқиқот

 3. Иқтисодиёти минтақавӣ

 Муҳтавои таҳқиқоти ихтисоси мазкур: қонуниятҳо ва вижагиҳои амалкарди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун системаи минтақаҳои ҳамкорикунанда (минтақаҳои иқтисодӣ, ноҳияҳои калони иқтисодӣ, кластерҳои иқтисодӣ, агломератсияи шаҳрӣ ва дигар ташкилоти ҳудудии иқтисодӣ); тақсимоти дурусти ҳудудии захираҳои иқтисодӣ; тафриқабандӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ дар ҳудуди миллӣ; коркарди самтҳои ояндадори рушди иқтисодиёти минтақаҳои алоҳида ҳамчун унсурҳои сохтории иқтисодиёти миллӣ; сиёсати иқтисодии минтақавӣ ва механизмҳои амалисозии он.

 Объекти таҳқиқот: системаи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷанбаи ҳудуди ҳамчун шабакаи минтақаҳо ва макроминтақаҳои дар ҳамкорибуда, механизмҳои танзими рушди иқтисодию иҷтимоии ҳудудӣ дар сатҳи миллӣ, байниминтақавӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ; назарияи иқтисодиёти ҳудудӣ ва минтақавӣ, методҳои таҳқиқоти системаҳои ҳудудии иқтисодӣ ва таъсири мутақобилаи онҳо; инфрасохтори байниминтақавӣ ва минтақавии истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва ниҳодӣ; захираҳои табиӣ ва иқтисодӣ ва истифодаи самараноки онҳо. 

 3.1. Инкишофи назарияҳои иқтисодиёти маконӣ ва минтақавӣ; усулҳо ва фишангҳои тадқиқотҳои иқтисодии маконӣ; эконометрикаи қаламравӣ; ташхиси низомии мушкилотҳо ва ҳолатҳои минтақавӣ

 3.2. Тақсимоти қаламравии захираҳои иқтисодӣ; ҷиҳатҳои назариявӣ, методӣ ва амалии ҷойгиркунии корхонаҳо, фирмаҳои бизнеси хурд ва миёна, кластерҳои иқтисодӣ, корхонаҳои бахши ҷамъиятӣ, хоҷагиҳои хонавода. 

 3.3. Ташкили маконии иқтисодиёти миллӣ; таъсисёбӣ, фаъолият ва таҷдиди кластерҳои иқтисодӣ ва дигар низомҳои маконии маҳдудшуда. 

 3.4. Муаммои ноҳиябандии иҷтимоӣқтисодии мамлакат аз рӯи нишондодҳои моддӣ ва ғайримоддӣ; ноҳиябандии минтақаҳо ва таъсисёии мунитсипалӣ аз рӯи минтақаҳои хизматрасонӣ; мутобиқати тақсимоти маъмурӣ-минтақавии мамлакат ба шароитҳои нави иқтисодӣ

 3.5. Дигаргуниҳои қаламравї-минтақавӣ; муаммоҳои таъсисёбии муҳити ягонаи иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; фарқгузории минтақавии иҷтимоӣқтисодӣ; ҳамгироии маконӣ ва дезинтегратсияи мамлакат. 

 3.6. Иқтисодиёти қаламравӣ. Хусусиятҳои маконии таъсисёбии низоми инноватсионии миллӣ. Муаммоҳои таъсисёбии зерсохторҳои инноватсионии минтақавӣ. Лоиҳаҳои инвеститсионии минтақавӣ: мақсад, объектҳо, захираҳо ва самаранокӣ

 3.7. Бозорҳои локалӣ, таъсисёбии онҳо, фаъолият ва баҳамалоқамандӣ; савдои байниминтақавӣ. Назарияи нави географияи иқтисодӣ

 3.8. Нақши омилҳои институтсионалӣ дар тараққиёти низомҳои иқтисодии минтақавӣ. Хусусиятҳои минтақавии дигаргуншавии муносибатҳои моликиятӣ, таъсири онҳо ба сохтор ва самаранокии фаъолият ва инкишофи низомҳои иқтисодии минтақавӣ

 3.9. Баҳодиҳии нақши минтақаҳо дар иқтисодиёти миллӣ (нишондодҳо, усулҳо, методологияи таҳлил); махсусгардонии истеҳсолии минтақаҳо; сохтори иқтисодӣ аз ҷиҳати макон, қонуниятҳои дигаргуншавии он; сиёсати сохторӣ ва азнавсозии сохторӣ

 3.10. Хусусиятҳои минтақавии тараққиёти иҷтимоӣқтисодӣ; намудҳои минтақаҳо (инкшофёфта ва бӯҳронӣ, донорҳо ва ретсипиентҳо, мономаҳсулотӣ ва диверсификатсияшуда, бо агломератсияҳои калони шаҳрӣ ва бе чунин таъсисёбиҳо ва ғайра); муаммоҳои методии таснифот ва тадқиқоти амалии хусусиятҳои тараққиёти намудҳои гуногуни минтақаҳо. 

 3.11. Фишангҳои мӯътадилгардонии басташавии маконӣ (трансфертҳои давлатӣ, фондҳои инвеститсионӣ, фондҳои дастгирии минтақавӣ, низоми андоз ва ғайраҳо), самаранокии истифодаи онҳо. Муаммоҳои тараққиёти мувозинати минтақаҳо; мониторинги тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳо. 

 3.12. Фишангҳои коркарди дурнамои тараққиёти низомҳои иҷтимоӣқтисодии маконӣ. Пешгӯикунӣ, форсайт, банақшагирии индикативӣ, барномаҳо, банақшагирии буҷетӣ, ки ба натиҷа нигаронида шудаанд, барномаҳои мақсаднок, нақшаҳои стратегӣ

 3.13. Сиёсати иҷтимоӣқтисодии минтақавӣ; таҳлили хусусиятҳо ва баҳодиҳии самаранокии сиёсати иқтисодии минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, минтақаҳо ва мунитсипалитетҳо. 

 3.14. Идоракунии иқтисодиёти минтақавӣ. Шаклҳо ва механизмҳои ҳамкории ҳокимияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, сохторҳои бизнес ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ. Вазифаҳо ва механизмҳои идоракунӣ. Асосноккунии методӣ, коркарди схемаҳои ташкилӣ ва механизмҳои идоракунии минтақаҳо, баҳодиҳии самаранокии онҳо. 

 3.15. Мақсадҳо ва механизмҳои сиёсати давлатии тараққиёти минтақаҳо. Шаклҳо ва механизмҳои баҳамтаъсиррасонии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҳалли масъалаҳои асосии тараққиёти иҷтимоӣқтисодӣ. Муаммоҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии идоракунии маҳаллӣ

 3.16. Коркарди методологии таҳлил ва методикаи баҳодиҳии фаъолияти сохторҳои корпоративӣ, бизнеси хурду миёна, корхонаҳои бахши ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар минтақаҳо ва ноҳияҳои маъмурӣ. Муаммоҳои истифодабарии оқилонаи дороиҳои моддӣ ва ғайримоддии минтақаҳо – захираҳои табиӣ, базаи моддӣ-техникӣ, сармояи инсонӣ ва ғайраҳо. 

 3.17. Муҳити махсуси иқтисодӣ-ҳуқуқии тараққиёти маҳаллӣ ва минтақавӣ. Минтақаҳои иқтисодӣ, марказҳои саноатӣ ва дигар “нуқтаҳои” минтақавии тараққиёти саноатӣ ва инноватсионӣ

 3.18. Ташкил ва баҳодиҳии самаранокии фаъолияти мақомоти ҳокимияти идоракунӣ дар вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ноҳияҳои маъмурӣ; истифодаи чунин баҳодиҳӣ дар низоми идоракунӣ ва назорати давлатӣ

 3.19. Истифодаи самараноки омилҳои истеҳсолот дар тараққиёти иқтисодиёти минтақаҳо. Қонуниятҳо ва хусусиятҳои ташкил ва идоракунии сохторҳои иқтисодӣ дар минтақаҳо. Афзалиятҳои мутлақ ва нисбии кластерҳои иқтисодии минтақавӣ

 3.20. Инфрасохтори истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва бозорӣ дар минтақаҳо. Принсипҳо, хусусиятҳо ва механизми ташкилӣқтисодии тараққиёти соҳаҳои ёрирасон дар минтақаҳо. 

 3.21. Хусусиятҳои минтақавии амалигардонии сиёсати буҷетӣ-андозӣ. Инкишофи муносибатҳои пулию қарзӣ ва буҷетӣ-андозӣ дар минтақаҳо (категория, методология, усулҳо, механизмҳо ва фишангҳо). 

 3.22. Инкишофи бозори минтақавии меҳнат. Иқтидори меҳнатӣ дар минтақаҳо ва хусусиятҳои идоракунии он. Муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ дар минтақаҳо. Хусусиятҳои ҷойгиркунии минтақавии иқтидори меҳнатӣ

 3.23. Механизми маконии инкишофи бизнеси хурд ва соҳибкории хусусӣ дар сатҳи мезоиқтисодӣ. Муаммоҳои баланд намудани самаранокии соҳибкории хурду миёна дар минтақаҳо. Стратегияи тараққиёт ва таъсисёбии низоми соҳибкорӣ дар бахшҳо ва соҳаҳои иқтисодиёти минтақавӣ

 3.24. Тараққиёти комплекси агросаноатӣ дар минтақаҳо, хусусиятҳои минтақавӣ ва маконии инкишофи хоҷагии қишлоқ.

3.25. Таъминоти инвеститсионии минтақаҳо. Танзими инвеститсияҳо дар минтақаҳо. Лоиҳаҳои инвеститсионии қаламравӣ. Муҳити инвеститсионӣ бо дарназардошти воҳидҳои минтақавӣ-маконӣ. Баланд намудани диққатҷалбкунии инвеститсионӣ ва истифодаи самараноки лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар минтақаҳо.