1.Талаботи низомномавӣ ва дастурамалҳои меъёрии КОА вобаста ба сохтори диссертатсия ва барасмиятдарории он

Сохтори диссертатсия: Сарсаҳифа, Мундариҷа, Номгӯи ихтисораҳо ва (ё) аломатҳои шартӣ, Муқаддима (Мубрамӣ ва зарурати баргузории таҳқиқот аз рӯйи мавзӯи диссертатсия, Дараҷаи азхудшудаи масъалаи илмӣ ва заминаҳои назариявию методологии таҳқиқот) Тавсифи умумии таҳқиқот (Ҳадафи таҳқиқот, Объекти таҳқиқот, Мавзӯи таҳқиқот, Масъалаҳои таҳқиқот, Усулҳои таҳқиқот, Соҳаи таҳқиқот, Марҳилаҳои таҳқиқот, Пойгоҳи асосии иттилоотӣ ва озмоишии таҳқиқот, Эътимоднокии натиҷаҳои диссертатсионӣ, Навгониҳои илмии таҳқиқот, Аҳамияти назарии таҳқиқот, Аҳамияти амалии таҳқиқот, Нуктаҳои ҳимояшавандаи диссертатсия, Саҳми шахсии довталаб, Таъйиди диссертатсия ва иттилоот оид ба истифодаи натиҷаҳои он, Интишори натиҷаҳои диссертатсия, Сохтор ва ҳаҷми диссертатсия), Қисми асосии таҳқиқот (бобҳо, параграфҳо), Хулосаҳо (1. Натиҷаҳои асосии илмии диссертатсия. 2. Тавсияҳо оид ба истифодаи амалии натиҷаҳо), Номгӯи адабиёт (1. Феҳристи сарчашмаҳои истифодашуда. 2. Феҳристи интишороти илмии довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ), Замимаҳо.

 

Дар сохтори автореферат ба ғайр аз Қисми асосии таҳқиқот (бобҳо, параграфҳо), ки мазмуни мухтасари онҳо нақл карда мешаванд, бахшҳои боқимондаи диссертатсия бо феҳристи интишороти илмии довталаб айнан оварда мешаванд.

Барасмиятдарории диссертатсия: коғази стандартии А4, ҳуруфи Times New Roman, сафҳакалиди стандартии тоҷикии системаи амалиётии Windows (Тоҷ), андозаи ҳарфҳо – 14 пункт, фосилаи байнисатрӣ – 1,5 см; мувофиқати мазмуни автореферат бо муҳтавои матни диссертатсия, мувофиқати матни автореферати забони диссертатсия бо матни тарҷумашудаи он (аз тоҷикӣ ба русӣ ё аз русӣ ба тоҷикӣ), қатъан мувофиқат кардани матнҳои диссертатсия ва автореферати дохили парванда бо матни пеш аз ҳимоя дар сомонаи муассиса гузошташудаи онҳо ва бо сабти диски дохили парвандаи аттестатсионии ба КОА интиқолёфта, дар шакли як китобча ба нашр расонидани автореферат ва тарҷумаи он, танҳо дар интиҳои автореферати забони диссертатсия овардани номгӯи мақолаҳои довталаб, танҳо дар охири китобчаи автореферат овардани хулосаи мухтасари диссертатсия бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба андозаи яксаҳифагӣ, дар номгӯи интишороти довталаб ва истинодҳо ба онҳо истифода бурдан аз қавсҳои росткунҷавӣ бо дарунмояи онҳо дар шакли рақами тартибии мақола, аломати дефис ва ҳарфи калони М ё А. Дар ҳар як банди зербахши «Натиҷаҳои асосии илмии диссертатсия»-и бахши «Хулосаҳо» бояд истинод ба мақолаҳои илмии довталаб оварда шавад.

Ҳангоми қабули диссертатсияҳо ба ҳимоя ва навбатгузорӣ додани имтиёз ба диссертатсияҳои докторони PhD ва диссертатсияҳои бо забони давлатӣ таҳиягашта.

2.Вайрон шудани тартиби гузоштани матни диссертатсия, автореферат, маълумот оид ва муқарризони расмӣ, муассисаи муқарриз, тақризҳои онҳо ва роҳбари илмӣ ва дигар иттилоот вобаста ба ҳимояи диссертатсия дар сомонаи муассисаи дахлдор ва эълони он дар сомонаи КОА

3.Вайрон шудани қоидаи таъйин намудани экспертҳои дохилии шӯро, муқарризони расмӣ ва муассисаи муқарриз

4.Риоя нагаштани дастурамал оид ба санҷиши диссертатсия аз рӯйи барномаи Антиплагиат

Бахшҳои сохтории диссертатсия – «Сарсаҳифа», «Мундариҷа», «Номгӯи ихтисораҳо ва (ё) аломатҳои шартӣ», «Муқаддима», «Тавсифи умумии таҳқиқот», «Рӯйхати адабиёти истифодагардида», истиноди поварақӣ, замимаҳо ва ҷадвалу иттилооти графикӣ санҷида намешаванд.

Агар диссертатсия бо забони давлатӣ (тоҷикӣ) навишта шуда бошад, он гоҳ муваққатан, то мукаммал гаштани пойгоҳи додаҳои Комиссия, ба ғайр аз диссертатсия матни «Қисмати асосӣ» ва «Хулоса»-и тарҷумаи русии автореферати он низ санҷида мешавад. Дар ин маврид талаб карда мешавад, ки асолати автореферат аз 80% кам набошад.

Манбаъҳои ба интишороти илмии муаллифи диссертатсия мувофиқатдошта, ки дар онҳо натиҷаҳои асосии таҳқиқоти диссертатсионӣ ба нашр расидаанд, аз Ҳисоботи пурраи барномаи компютерии «Антиплагиат» берун карда мешаванд.

Дар матни диссертатсия ва автореферат, новобаста ба ҳаҷми иқтибосҳои овардашуда, бояд иқтибосҳои ғайриқонунӣ вуҷуд надошта бошад, ғайр аз ин, иқтибосҳои қонунии носаҳеҳ набояд ба бахши «Натиҷаҳо»-и диссертатсия шомил гардад.

Ҳиссаи иқтибосҳои қонунии саҳеҳ (ба истиснои ҳиссаи адабиёте, ки дар санҷиш то 1%-ро ташкил додаанд ва сарчашмаҳое, ки мавзӯи таҳқиқот мебошанд) набояд аз 15% зиёд бошад.

Дар мавриди

− дар диссертатсия ё автореферат ошкор шудани иқтибосҳои ғайриқонунӣ;

− дар бахши «Натиҷаҳо»-и диссертатсия ошкор шудани иқтибосҳои қонунии носаҳеҳ;

−бештар аз 25% мувофиқат кардани матни диссертатсия бо манбаъҳо, эксперти шӯрои экспертӣ бо дарназардошти махсусиятҳои соҳаи илми таҳқиқшаванда ба ин гуна диссертатсия ё автореферат хулосаи асосноки худро пешниҳод менамояд.

Довталабон ва масъулони барномаи Антиплагиати муассисаҳо ба ҷойи пешниҳод намудани мантҳои дуруст доимо кӯшиш мекунанд, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ фоизи асолати диссертатсияҳо ва авторефератҳоро боло баранд. Масалан:

− Фиреб додани барнома бо гузоштани аломатҳои махсус дар байни ҳиҷоҳои матн, гузоштани аломати «тире» дар мобайн ва охири ҳар як сатр, бо зиёд ё кам намудани миқдори ҳарфҳои калима қасдан нодуруст сохтани шакли дурусти калимаҳо (масалан, ба ҷойи калимаи «имеется» навиштани «имеетсия» ё «имется»), бо ҳам часпонидани калимаҳо дар ҷумлаҳои матн (масалан, ба ҷойи калимаҳои «институтов в» овардани калимаи «институтовв») ва ғайра.

− Дар диски матни диссертатсия гузоштани қитъаҳои матнии махфӣ, ки ҳангоми санҷиш дар протсессори матнии MS Word онҳо ҳамчун қитъаҳои холӣ вонамуд гашта, дар санҷиши барномаи Антиплагиат бошад, ҳамчун матни дурустташаккулёфта қабул мешаванд ва ба болобарии асолати матни диссертатсия меоранд.

Бо забони тоҷикӣ навиштани диссертатсия ҳеҷ гоҳ маънои тарҷума намудан ва ба ҳимоя пешкаш кардани диссертатсияҳои қаблан бо дигар забонҳо ҳимояшударо надорад. Баръакс, ҳукумати ҷумҳурӣ ин иқдоми некро танҳо ба хотири ба забони илм табдил додани забони давлатӣ ва осон намудани кори ҷавонони кишвар пеш гирифтааст. Шӯроҳои диссертатсионӣ бояд ба ин нукта аҳамияти хоса зоҳир намоянд.

Ҳамин тариқ, шӯроҳои диссертатсионие, ки бо содир намудани камбудиҳои зикршуда муваққатан баста шудаанд, танҳо пас аз ислоҳи ин камбудиҳо ва аз ҷониби муассиса пешниҳод гаштани дархости маълумотӣ оид ба ислоҳи онҳо ва муҷозоти масъулони ШД аз нав барои идома додани фаъолият иҷозат дода мешаванд. Дар мавриди аз нав такрор шудани чунин камбудиҳо фаъолияти онҳо ба пуррагӣ қатъ гардонида мешавад.

Аз рӯ, ба кулли шӯроҳои диссертатсионӣ расонида мешавад, ки диссертатсияҳои ҳимояшудаи ҳоло ба КОА интиқолнаёфтаро, ки дар онҳо мавҷудияти ҳамин гуна камбудиҳо, ба ғайр аз камбудиҳои техникӣ, аз аввал маълум буд ва ё онҳо пас аз ҳимоя ошкор гаштаанд, бояд бо ислоҳи камбудиҳои содиршуда ва риояи пурраи расмиёти низомномавӣ ба ҳимояи такрорӣ баргардонида шаванд. Он диссертатсияҳое, ки бо ҳамин гуна камбудиҳо ба ҳимоя қабул шуда, дар арафаи ҳимояшавӣ қарор доранд, боздошта шуда, аз сомонаҳои муассиса ва КОА бозхонд карда шаванд ва пас аз ислоҳи камбудиҳо ва баҷоории расмиёти низомномавӣ аз нав ба шабакаи Интернет гузошта шаванд.

5.Тибқи талабот ва пешниҳоди КОА ба тартиб овардани қисмати сомонаи муассиса вобаста ба шӯроҳои диссертатсионӣ ва маҷаллаҳои тақризшавандаи он (қабули мақолаҳои бо забони тоҷикӣ таҳиягашта)