Шиносномаи ихтисос доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рўйи ихтисоси 6D070500 – амсиласозии математикӣ ва компютерӣ (6D070502 – амсиласозии математикӣ, методҳои ададӣ ва маҷмўи барномаҳо) (Бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2025, №41/шд тасдиқ шудааст.)

РАМЗИ ИХТИСОС:
6D070500 – Амсиласозии математикӣ ва компютерӣ. Он омӯзиши моделсозии математикӣ ва компютерӣ, усулҳои ададии онҳо, комплексҳои барномавиву масъалаҳои амалиро асоснок мекунад.

I. СОҲАҲОИ ИЛМ, КИ АЗ РЎЙИ ОНҲО ДАРАҶАҲОИ ИЛМӢ ДОДА МЕШАВАНД:
Илмҳои техникӣ, илмҳои физикаю математика

II. ШАРҲИ ИХТИСОС:
Мӯҳтавои ихтисос барои таҳияи асосҳои бунёдӣ ва истифодаи амсиласозии математикӣ, усулҳои ададӣ, комплексҳои барномавӣ, барои ҳалли масъалаҳои илмию техникӣ, фундаменталӣ ва амалӣ пешбинӣ шудааст. Хусусияти муҳими ихтисос дар он аст, ки фаъолияти дар доираи он иҷро шаванда, бояд дар як вақт аз се самт натиҷаҳои аслӣ ба даст оянд: амсиласозии математикӣ, усулҳои ададӣ ва комплекси барномавӣ.

III. СОҲАҲОИ ТАҲҚИҚОТ:
1.    Коркарди усулҳои аналитикӣ ва математикии амсиласозии объекту ҳодисаҳо;
2.    Таҳияи усулҳои сифатӣ ва тахминии таҳлилии омӯзиши амсилаҳои математикӣ;
3.    Таҳия, асосноккунӣ ва санҷиши усулҳои самараноки ҳисоббарорӣ бо истифода аз технологияҳои муосири компютерӣ;
4.    Татбиқи усулҳои самаранокии ададӣ ва алгоритмҳо, дар шакли комплеки барномаҳо барои ҳалли муаммои мавҷуда ва гузаронидани таҷрибаи ҳисоббарорӣ;
5.    Тадқиқоти комплексии муаммоҳои илмӣ-техникӣ бо истифода аз технологияи муосири амсиласозии математикӣ ва таҷрибаи ҳисоббарорӣ;
6.    Таҳияи усулҳо ва алгоритмҳои нави математикӣ, барои санҷиши мувофиқатии амсилаҳои математикии объектҳо дар асоси маълумотҳои таҷрибаҳои миқёсан калон;
7.    Таҳияи усулҳо ва алгоритмҳои нави математикӣ барои шарҳ додани таҷрибаи табиӣ дар асоси амсилаи математикии он.
8.    Таҳияи низомҳои компютерӣ ва амсиласозӣ;
9.    Амсила, усул, алгоритмҳои тарҳрезиву таҳлилии барномаҳо ва системаҳои барномавӣ, аз як шакли эквивалент ба дигар шакл гузаштани онҳо, санҷиш ва назорат;
10.    Амсила, усул, алгоритм, забон ва воситаҳои барномавӣ, барои ташкили ҳамкории барномаҳо ва низомҳои бастаи барномавӣ;
11.    Низомҳои барномавӣ, барои ҳисобарориҳои рамзӣ;
12.    Муколамаи инсон ва мошин, амсила, усул, алгоритм ва барномаҳо барои графикаи компютерӣ, визуализатсия, коркарди тасвирҳо, системаҳои воқеияти виртуалӣ, алоқаи мултимедиявӣ;
13.    Амсилаҳо ва усулҳои эҷоди барномаҳо ва системаҳои барномавӣ барои коркарди параллелӣ ва тақсимшудаи додаҳо, забонҳо ва асбобҳо барои барномасозии параллелӣ;
14.    Амсилаҳо, усулҳо, алгоритмҳо ва инфрасохтори муҷтамаъи барномаҳо барои ташкили коркарди маълумот дар саросари ҷаҳон;
15.    Коркарди усулҳо ва алгоритмҳои муосири математикӣ, барои санҷидани мувофиқ будани амсилаҳои математикии объектҳо дар асоси маълумотҳои таҷрибаи зиёд гузаронидашуда;
16.    Коркарди усулхо ва алгоритмхои нави математикӣ, барои тафсири таҷрибаи мукаммал дар асоси амсилаи математикии он;
17.    Коркарди системаҳои компютерӣ ва амсилаҳои тақлидӣ;
18.    Таҳияи амсилаҳо барои тавсиф ва баҳодиҳии самаранокии ҳалли масъалаҳои идоракунӣ ва қабули қарорҳо;
19.    Коркарди технологияҳои муосири иттилоотӣ дар ҳалли масъалаҳои идоракунӣ ва қабули қарорҳо;
20.    Таҳияи талаботҳо ва амсилаи тавсифу баҳодиҳии самаранокии ҳалли масъалаҳои таҳлили системвӣ, такмилдиҳӣ, идоракунӣ, қабули қарорҳо ва коркарди иттилоот;
21.    Усулҳо ва алгоритмҳои дастгирии зеҳнӣ дар қабули қарорҳои идоракунӣ, дар системаҳои техникӣ, иқтисодӣ, биологӣ, тиббӣ ва иҷтимоӣ;
22.    Коркарди усулҳои муосири амсиласозии математикии объекту ҳодисаҳо;
23.    Таҳияи усулҳои муосиру босифати таҳлилии омӯзиши амсилаҳои математикӣ;
24.    Таҳия ва санҷиши усулҳои самараноки ҳисоббарорӣ бо истифода аз технологияҳои муосири компютерӣ;
25.    Татбиқи усулҳои самаранокии ададӣ ва алгоритмҳо, дар шакли муҷтамаъи барномаҳо, барои гузаронидани таҷрибаҳои ҳисоббарорӣ;
26.    Таҳқиқи маҷмӯи муаммоҳои илмӣ-техникӣ бо истифода аз технологияи муосири амсиласозии математикӣ ва таҷрибаи ҳисоббарорӣ;
27.    Таҳия ва татбиқи усулҳои шинохти намунаҳо, таҳлили кластерҳо, шабакаи нейронӣ, қоидаҳои қабули қарорҳо, ҳисоббарории таҳлили иттилооти гуногун дар пойгоҳи додаҳо.
28.    Таҳияи усулҳо ва моделҳои компютерӣ барои тавсиф, баҳодиҳӣ ва мутобиқнамоии равандҳову захиаҳои иттилоотӣ, инчунин воситаҳои таҳлил ва муайян кардани намунаҳо дар асоси мубодилаи иттилоот аз ҷониби корбарон ва имкониятҳои муҷтамаъи барномаҳо ва сахтафзори истифодашаванда.
29.    Дастгирии техникии системаҳо ва равандҳои иттилоотӣ, аз ҷумла воситаҳои нави техникии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва пешниҳоди иттилоот. Маҷмӯи воситаҳои техникӣ, ки фаъолияти системаҳо ва равандҳои иттилоотӣ, ҷамъоварӣ ва истифодаи мутаносибии захираҳои иттилоотиро таъмин мекунанд.
30.    Дастгирии лингвистии системаҳо ва равандҳои иттилоотӣ. Усулҳо ва воситаҳо барои тарҳрезии луғатҳои додаҳо, луғатҳои индексатсия ва ҷустуҷӯи иттилоот, тезаурусҳо ва дигар муҷтамаъҳои лексикӣ. Усулҳои таҳлили семантикӣ, синтаксисӣ ва прагматикии иттилооти матнӣ, барои пешниҳод дар пойгоҳҳои додаҳо ва ташкили интерфейси системаҳои иттилоотӣ бо истифодабарандагон.
31.    Таъмини системаҳо ва равандҳои иттилоотӣ, истифодаи технологияҳо ва системаҳои иттилоотӣ, дар сатҳҳои гуногуни идоракунӣ барои қабули қарорҳо. Принсипҳои умумӣ ва асосҳои ташкили хадамоти иттилоотӣ ва китобхонаҳои электронӣ.
32.    Таҳияи системаҳои қабули қарорҳо дар асоси пойгоҳи додаҳо ва донишҳое, ки амсилаҳои моделиронии он барои пешгӯии тағирот дар равандҳо ва рӯйдодҳои моддӣ, амалӣ мекунанд.
33.    Тадқиқот ва коркарди талабот ба таъминоти барномавӣ ва дастгоҳҳои системаҳои телекоммуникатсионӣ дар асоси технологияи компютерӣ.
34.    Таҳияи принсипҳо ва технологияҳои ташкилӣ, барои татбиқи системаҳои идоракунии маълумотҳо ва донишҳо, эҷоди системаҳои махсуси иттилоотӣ - барои идоракунии пойгоҳҳои матнӣ, графикӣ ва мултимедиявӣ. Эҷоди забонҳои тавсифи додаҳо, забонҳои коркарди додаҳо ва забонҳои дархост.
35.    Коркарди технологияҳои нави интернетӣ, аз ҷумла воситаҳои ҷустуҷӯ, таҳлил ва ҷудокунии иттилоот, ҳамчунин усулҳо ва технологияҳое, ки амнияти интернетро таъмин мекунанд.
36.    Системаҳои автоматикунонидашудаи иттилоотӣ, захираҳову технологияҳо ва татбиқи он дар соҳаҳо (соҳаҳои илмӣ, техникӣ, иқтисодӣ, таълимӣ, фаъолияти гуманитарӣ), қолаббандии иттилооти коркардшаванда ва захирашаванда.
37.    Низоми идоракунӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳо (сарфи назар аз дараҷаи компютеркунонии онҳо), ҳамчунин воситаҳои ҳифзи он.
38.    Принсипҳо ва роҳҳои ҳалли он (техникӣ, математикӣ, ташкилӣ ва ғ.) барои эҷод ва такмил додани воситаҳои мавҷудаи ҳифзи иттилоот ва таъмини амнияти иттилоотӣ.
39.    Амсила ва усулҳои идоракунии амнияти иттилоотӣ.
40.    Автоматикунонии назорат ва санҷиш
41.    Усулҳо ва моделҳои тавсиф, баҳодиҳӣ, мутобиқкунии равандҳои иттилоотӣ ва захираҳои иттилоотӣ, инчунин воситаҳои таҳлил ва муайян кардани намунаҳои ҷараёни иттилоот. Моделҳои маърифатии системаҳои иттилоотӣ ба ҳамкории инсон ва мошин нигаронида шудаанд.
42.    Тадқиқот дар соҳаи баҳодиҳии сифат ва самаранокии қарорҳои алгоритмиву муҷтамаъи барномаҳо, барои зеҳни сунъӣ ва системаҳои омӯзиши мошинӣ. Методҳои муқоиса ва интихоби ҳалли алгоритмиву муҷтамаъи барномаҳо аз рӯи меъёрҳои зиёд.
43.    Коркарди амсиаҳои махсуси математикӣ, алгоритмӣ, таъминоти барномавӣ, барои зеҳни сунъӣ ва системаҳои омӯзиши мошинсозӣ. Методҳо ва воситаҳои ҳамкории низоми зеҳни сунъӣ бо дигар системаҳои инсонӣ - операторӣ.
44.    Усулҳо ва воситаҳои тавлиди маҷмӯи додаҳо ва равандҳо, аз ҷумла "маълумотҳои калон", ки барои ҳалли масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва омӯзиши мошинӣ заруранд. Ҷамъоварии маълумот барои муаммоҳои мушаххас барои соҳаҳои татбиқи рисолати муҳим.
45.    Тадқиқоти математикӣ дар омор, мантиқ, алгебра, топология, таҳлили функсия ва дигар соҳаҳо, ки ба ҳалли масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва омӯзиши мошинҳо нигаронида шудаанд.
46.    Истифодаи усулҳои нави физикӣ ва рақамӣ (шабакаҳои нейрон, зеҳни сунъӣ) бо мақсади санҷиш ва ташхиси вайроннашаванда.
47.    Татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаҳо

IV. РАМЗ ВА НОМГЎИ ИХТИСОСҲОИ МУҶОВИР:
6D060100 - Математика;
6D060200 - Информатика;
6D070300 - Системаҳои иттилоотӣ (аз рӯи соҳаҳо);
6D070400 - Техникаи ҳисоббарор ва таъминоти барномавӣ;

V. ҲУДУДГУЗОРӢ БО ИХТИСОСҲОИ МУҶОВИР
Дар ҳолати бартари доштани диссертатсия ба дигар ихтисосҳо муттаносиб мебошад:
- усулҳои назарияи функсияҳо ва таҳлили функсионалӣ — барои ихтисоси «Таҳлили математикии ҳақиқӣ, комплексӣ ва функсионалӣ»; саволҳои вобаста ба мавҷудият ва ягонагии ҳалли масъалаҳое, ки ҳангоми омузиши моделҳои математикӣ дар шакли муодилаҳои дифференсиалӣ ба миён меоянд — барои ихтисоси «Муодилаҳои дифференсиалӣ, системаҳои динамикӣ, идоракунии оптималӣ»;
- усулҳои омӯзиши муодилаҳои физикаи математикӣ – барои ихтисоси «Физикаи математикӣ»;
- ҷанбаҳои назариявии омӯзиши усулҳои ададӣ –  барои ихтисоси «Математикаи ҳисоббарор»;
- саволҳои барномарезӣ ва автоматикунонии ҳисобҳо
- «Таъминоти математикӣ ва барномавии мошинҳои ҳисоббарор, муҷтамаъҳо ва шабакаҳои компютерӣ»;
- соҳаи илм ва техника, ки мавзӯи тадқиқоти он назарияҳо, амсилаҳо, усулҳо, алгоритмҳо ва шаклҳои системаи автоматикунонидашудаи равандҳои техникиву истеҳсолӣ, инчунин идоракунии он равандҳоро дар бар гиранда – барои ихтисоси «Автоматикунонӣ ва идоракунии равандҳои технологӣ ва истеҳсолот (тибқи соҳаҳо)»; – информатика техникаи ҳисоббарор ва идоракунӣ; – системаҳои иттилоотӣ; –  ҷанбаъҳои физикӣ, кимиёвӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва ғайра – барои ихтисосҳои мувофиқ «Номгӯи ихтисосҳои коргарони илмӣ» (масалан, барои тахассусӣ «6D070300 – системаҳои иттилоотӣ (аз рӯи соҳаҳо), 6D060109 – математикаи дискретӣ ва кибернетикаи математикӣ; 6D060102 – муодилаҳои дифференсиалӣ, системаҳои динамикӣ ва идоракунии оптималӣ; 6D070400  –  техникаи ҳисоббарор ва таъминоти барномавӣ; 6D060200  –  информатика»).

СОҲАИ ИЛМӢ:
- илмҳои техникӣ (барои таҳқиқотҳое, ки на кам аз се банди ҳамин шиноснома мувофиканд);
- илмҳои физикӣ – математикӣ (барои таҳқиқотҳое, ки ба камаш се банди ҳамин шиноснома мувофиканд, ҳангоми афзалияти усулҳои математикӣ ба сифати апарати таҳқиқотӣ, хангоми ба даст овардани натиҷаҳо дар шакли усулҳои нави математикӣ, алгоритмҳои ҳисоббарор ва намунаи қонуниятҳои наве, ки объектҳои таҳқиқшавандаро тавсиф мекунанд).